Суди олии Тоҷикистон даъвои Прокурори генералии кишвар дар бораи террористӣ эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро қонеъ намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Тибқи қарори суд, ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» интишор шудааст, минбаъд дар Тоҷикистон нашри рӯзномаи «Наҷот», фаъолияти вебсайти интернетии хизби номбурда, воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои марбут ба фаъолияти ин ҳизб қатъ карда мешавад.

Дар даъвои прокурори генералӣ гуфта мешавад, «тибқи нақша мебоист, ки як гуруҳи 40 нафараи мусаллаҳ  аз ду тарафи бинои Қасри Миллат, як гуруҳи 25 нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гуруҳи 30 нафара аз се тарафи бинои ВКД, як гуруҳи 25 нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гуруҳи 40 нафара ба Фурўдгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гуруҳҳои ҷинояткорӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро анҷом медоданд».

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ҳангоми кофтуков аз утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 адад варақаҳои ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад, бо сарлавҳаи “Бародарони аҳли Наҳзат! Ва умуман ҳамаи он касоне, ки ҷонибдору ҳаводори Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон хастед!!!”, дарёфт карда шуд. Мувофиқи матни варақаи мазкур, Раёсати олии ҲНИТ дар даъвати хеш  аз ҷумла баён доштанд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рўз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шўълаҳои ҷонбахши худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон нерўи тоза мебахшад. Бародарони ҷонфидои мо ҳама тадбирҳоро меандешанд. Се-чаҳор рўзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурўъ шуд, бо мо бипайвандед. Дар майдони корзор, ҳар олоту силоҳе доред бо худ бигиред. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғушта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. ИНШООЛЛОҲ пирўзӣ бо мост! Бо мо биёед! Режими золимонаю бединро аз решу бунаш меканем. Соати пирўзӣ фаро мерасад. Бо ҲНИТ бошед”.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин варақаҳо фаъолияти ҳокимияти имрўза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун режими “золимонаю бедин” муаррифӣ гардида, шаҳодати онанд, ки ҲНИТ хилофи сиёсати пешгирифтаи имрўзаи давлатдорӣ, ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар буда, мақсади сарнагун сохтани сохти конститутсионии давлати имрўзаро дорад.