Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки баъди нашри маълумот дар сомонаи вазорат оид ба амалҳои ғайриқонунӣ, ки ба онҳо адвокати Коллегия адвокатҳои ҶТ Бузургмеҳр Ёров гумонбар дониста мешавад, тариқи телефони боварӣ нисбати боздоштшуда аз шаҳрвандон шикоятҳои нав ворид шудаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз ҷумла, Ёров Бузургмеҳр Равшанович аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Тоиров Бадриддин, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулии муфт, соли 2009 ба боварии шаҳрванд Ҳоҷиев Беҳруз Султонбекович даромада, аз ҳолати оҷизӣ ва вазъияти шадиди ноилоҷии охирин суистифода бурда, аз ӯ маблағи пулӣ ба миқдори 7000 (ҳафт ҳазор) доллари амрикоӣ гирифта ваъда додаанд, ки дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аризаи даъвогии Миралиева Мадина Абдуллоевнаро оиди ҷудо кардани молу мулк ба фоидаи Ҳоҷиев Б. ҳал мекунанд.

Ёров Б. ва Тоиров Б. маблағҳои ба даст овардаро ба манфиати шахсии худ истифода бурда, бо ин ҳаракатҳои худ ба Ҳоҷиев Б.С. зарари махсусан калони моддӣ ба маблағи 7000 (ҳафт ҳазор) доллари амрикоӣ расонидаанд.

Ҳамчунин муайян карда шудааст, ки Ёров Б.Р. бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, дар давраи моҳҳои апрел-ноябри соли 2013, ба боварии шаҳрванд Мелиқулова Дилбар Донаевна, сокини ноҳияи Файзобод, кӯчаи Сино, хонаи №13, даромада, изҳор кардааст, ки метавонад баҳси шаҳрвандии дар Суди ноҳияи Файзобод баррасишавандаро ба фоидааш ҳал намояд.

Аз Мелиқулова Д.Д. дар маҷмӯъ, ба маблағи 2800 (ду ҳазору ҳашт сад) доллари амрикоӣ гирифта, дар мурофиаи суди гражданӣ иштирок накарда, маблағҳои ба даст овардаро ба манфиати худ сарф намудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 сентябр низ ВКД Тоҷикистон дар ин робита маълумот интишор намуда, дар он адвокат Бузургмеҳр Ёровро ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд муттаҳам кард. Дар ин маълумот қайд шуда буд, ки Бузургмеҳр Ёров дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои ҶТ кору фаъолият намуда, бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрвандон маблағҳои махсусан калони пулиро тасарруф намудааст.