Корманди Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо беш аз 80 кило маводи нашъаовар боздошт шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаи боэътимод аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар ин робита хабар дод, ӯ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт шудааст.

«Ҳамроҳи ӯ боз якчанд нафари дигар дастгир шуда, онҳо ба гумони ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша боздошт шуданд, - гуфт манбаъ. - Зимни боздошт аз онҳо зиёда аз 82 кило маводи мухаддири навъи афюн ва ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд».

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 200, қисми 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, аз ҷониби гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз бахши сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки амалиёти махсуси ошкор ва боздошти гурӯҳи нашъаҷаллобон дар минтақаи шимоли кишвар аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии зиддифасод гузаронида шудааст.

«Миёни боздоштшудагон корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо номи Руслан Шарипов ҳузур дорад», - гуфт манбаъ, вале дар бораи дар кадом мансабу рутба хизмат кардани ӯ дар сафҳои милитсия маълумот дода нашуд.