Роҳбари ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ба содир намудани 7 ҷиноят гумонбар дониста мешавад, изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки «бо сабаби махфӣ будани баъзе ҳолатҳои ҷиноятҳои Одинаев, баррасии парванда пӯшида сурат мегирад».

«Баъзе амалҳое, ки аз ҷониби Одинаев содир шудааст, хусусияти махфӣ доранд, аз ин рӯ парванда дар реҷаи пӯшида баррасӣ шуда, вақте қарори ниҳоии суд қабул мешавад, мо дар ин бора хабар хоҳем дод», - иброз дошт Шоҳиён.

Қаблан дар Суди олӣ иттилоъ дода буданд, ки нисбати Одинаев бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), 289 (қочоқ), 292 (саркашӣ аз пардохти андозҳо) ва 340 (сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Раҷабалӣ Одинаев санаи 14 октябри соли 2017 баъди суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон боздошт шуд.

Зимни суханронӣ рӯзи 14 октябр дар вохӯрӣ бо соҳибкорон Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки ширкати «Умед-88» воситаҳои зиёди буҷетро харҷ карда, муддати 4 сол аст, ки ба давлат барнамегардонад. Амали кормандони Вазорати молияро, ки ин маблағҳоро додаанд, Сарвари давлат «бемасъулиятӣ» хонда, дастур дод, ки гунаҳкорон муҷозот шаванд.

Ширкати «Умед-88» муддати беш аз 20 сол бо воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул аст. Бензин ва сӯзишвории дизелиро ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид намуда, сипас онро барои фурӯш ба зиёда аз 70 нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкат дар саросари ҷумҳурӣ тақсим мекард.

То соли гузашта «Умед-88» дар қатори ширкатҳои «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Тоҷик Петролиум» ва «Аурум Спика» дар рӯйхати субъектҳои хоҷагидорие қарор дошт, ки дар бозори сӯзишвории кишвар мавқеи афзалиятнок доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.