Парвандаи рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов бо моддаи 189 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) рӯзи 13-уми апрел, соати 14:00 дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад.
“Айни замон номаълум аст, ки ин мурофиаи додгоҳӣ бо кадом тартиб ҷараён мегирад – ба таври ошкоро ё пушти дарҳои баста. Ҳуқуқу манфиатҳои ӯро адвокат Абдураҳмон Шарифов дар суд ҳимоя мекунад”, - иттилоъ доданд ба “Азия-Плюс” аз Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон”.
Ёдовар мешавем, ки Далер Шарифовро 28-уми январ кормандони шуъбаи КДАМ-и ноҳияи Шоҳмансур боздошт карданд. Рӯзи 30-юми январ ӯ бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба муҳлати 2 моҳ ҳабс шуд.
Абдуманнон Шарифов – падари Далер баъд аз он мурофиаи додгоҳӣ ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфта буд: “Фарзанди ман бо ягон гурӯҳҳои террористию экстремистӣ иртибот надошт ва дар ягонтояш иштирок намекард. Вай журналисти мустақили озод буд”.
Адвокатҳо Абдураҳмон Шарифов ва Гулгуна Шозодаева рӯзи 31-уми январ нисбат ба қарори иҷозати ҳабси ин рӯзноманигори тоҷик шикоят бурданд. Ҳимоятгарон дархост карданд, ки бинобар аз ҷониби Далер набудани хавф ба ҷамъият, ӯ аз боздоштгоҳи тафтишотии КДАМ озод карда шавад. Аммо дархости онҳоро ба инобат нагирифтанд.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал дар робита ба қазияи Далер Шарифов изҳороте мунташир кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд”.
Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ рӯзи 27-уми март айбномаи ниҳоиро бо моддаи 189 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) эълон кард. Шиносоӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ гузаронида шуда, тафтишот ба анҷом расид. Парвандаи ҷиноятӣ бо хулосаи айбдоркунӣ ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон барои омӯзишу тасдиқ ва ирсоли минбаъда ба суд фиристода шуд.
Ба Далер Шарифов ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 5 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат таҳдид мекунад.
Вокуниши созмонҳову рӯзноманигорон
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигории Тоҷикистон 3-юми феврал бо нашри як изҳорот, ки зераш 8 созмону 37 журналист имзо гузоштанд, нигаронии шадиди худро дар робита ба боздошти Далер Шарифов баён карданд. Дар он аз мақомоти Тоҷикистон даъват гардида буд, ки чораи пешгирӣ ба ғайриҳабсӣ иваз карда шавад ва таҳқиқот воқеъбинона бо риояи бечунучарои тамоми кафолатҳои озодии баён мутобиқ ба стандартҳои байнулмилалӣ гузаронда шавад.
“Умедворем, ки ҳангоми таҳқиқоти қазияи Далер Шарифов волоияти қонун ва дастрасӣ ба адодати судӣ бечунучаро таъмин карда мешавад”, - омадааст дар изҳорот.
Ҳамчунин намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир шоми 3-юми феврал бо нашри як баёния аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархости озодии рӯзноманигори ҳабсшударо карда буд: “Ман ба мақомоти Тоҷикистон навиштам, ки фавран журналист Далер Шарифовро озод кунанд. Воситаҳои ахбори омма бояд бидуни тарси интиқом имкони таҳқиқу нашр, аз ҷумла, дар Интернет дошта бошанд”.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ – Афви Байнулмилал, Ҳамкории Байнулмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, Дидбони Ҳуқуқи Башар низ хостори озодии Далер Шарифов шуданд.