Исломбек Забирзода корманди акнун собиқи ШВКД дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки барои шиканҷаи як нафар сокини гумонбар дар дуздии ин ноҳия ҳоло дар курсии айбдорӣ нишастааст, дар мурофиаи ахири додгоҳӣ иттиҳомот алайҳи худро рад кард. Ӯ иддао кард, ки чаро ҷабрдида танҳо маро дар ёд дораду халос.
Додгоҳи ноҳияи Хуросон парвандаи ҷиноятӣ нисбати ин корманди собиқи милисаро бо се модаи КҶ ҶТ – 316 қисми 3 (баромадан аз ҳадди ваклоатҳои мансабӣ), 358 қисми 1 (ғайриқонуни дастгир ё ҳабс намудан), 346 қисми 3 (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) як моҳ аст, ки ба баррасӣ гирифтааст.
Бояд гуфт, ки 24 апрели соли 2020 сокини ноҳияи Хуросон Маҳмадмумин Муминов, ки ба ҳайси гумонбар дар содир кардани ҷиноятӣ дуздӣ ба ШВКД – и ноҳия оварда шуда буд аз ошёнаи дуюми бинои ШВКД мепарад, ки дар натиҷа ҳарду пояш мешикананд.
Прокуратура вобаста ба ин ҳолат санҷиш гузаронида нисбати майор Исломбек Забирзода бо се моддаи ёдшуда парвандаи ҷиноятӣ боз мекунад.
Милопар Бандишозода, муовини прокурори вилояти Хатлон 16 июл дар нишасти матбуотии ин ниҳод боздошти Муминовро аз сӯйи Забирзода ғайриқонунӣ номида буд. Ба гуфти муовини прокурори вилояти Хатлон майор Исломбек Забирзода дар вазифаи нозири Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайрокунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-и ноҳияи Хуросон аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромада, ғайриқонунӣ як сокини ноҳияро дастгир кардааст.
Муовини прокурор илова кард, ки 23 апрели соли 2020 Фирӯза Гулова сокини ноҳияи Хуросон хабар медиҳад, ки шахси номаълум аз хонааш 2,5 ҳазор сомониашро дуздидааст. Исломбек Забирзода ба санҷиши аризаи ҷабрдида, ки ба қайд гирифта нашуда буд ва бидуни иҷозаи роҳбарияти ШВКД дар Хуросон, шуруъ мекунад.
Забирзода як сокини дигари ноҳия Шаҳбоз Юлдошевро маҷбур мекунад, ки нишондод бидиҳад, ки ҷинояти мазкурро бо ҳамроҳии Маҳмадмумин Муминов содир кардааст.
Бино ба тафсилоти порократураи вилоят бар асоси ин нишондод Исломбек Забирзода М.Муминовро дастгир карда, соати тахминан 20:30 ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон меоварад. Исломбек Забирзода дар утоқи хизматияш ба шиканҷаи М.Муминов шуруъ карда давоми се соат ӯро мавриди лату куб қарор медиҳад. Муминов ба ин лату кӯб тоб наоварда ба ҷинояте, ки содир накардааст иқрор мешавад.
Баъдан тахминан соатҳои 23:30 Забирзода ба манзили истиқоматии Муминов рафта, бар хилофи кодекси мурофиавӣ, бе таъмини шахсони холис кофту коб гузаронда, чанд адад ашёҳои соҳибхонаро гирифта ба ШВКД меорад.
Ба гуфти Милопар Бандишозода Забирзода то субҳ Муминовро ғайриқонуни дар ШВКД нигоҳ медорад. Муминов ба лату куби беохир тоб наоварда рӯзи 24 апрел худро аз ошёнаи дуюми бинои ШВКД ба замин мепартояд, ки дар натиҷа ҷароҳатҳои ҷисмони мебардорад. Муминовро ба беморхонаи марказии ноҳия бурда мехобонанд. Ва нисбати Исломбек Забирзода санҷиши хизматӣ оғоз карда мешавад.
27 август, дар рафти яке аз мурофиаҳои додгоҳӣ ҷабрдида Маҳмадмумин Муминов вобаста ба ғайриқонунӣ дастгир шуданашу мавриди лату куб қарор гирифтанаш чунин изҳор дошт.
“Рӯзи дигараш Исломбек Забирзода аз утоқи кориаш берун рафт ва як ҳамкораш, ки дар онҷо буд Шаҳбоз Юлдошевро пурсида истода буд. Ман дигар тоқати лату кӯбро надоштам ва розӣ будам бимирам, аз он ки боз ҳамаи инро таҳамул кунам. Ман аз ин ҳолат истифода бурдам ва аз тиреза худро ба замин партофтам. Якчанд корманди милитсия маро бардоштанд, духтур даъват карданд, ки ба ман як сӯзандору гузаронданду баъдан ба беморхонаи марказии ноҳия бурданд. То имрӯз ман табобат гирифта истодаам”,- гуфт Муминов.
Падари Муминов ҳам дар ин ҷаласаи додгоҳӣ гуфтаҳои писарашро таъйид карда гуфт:
- 24 апрел манро ба утоқи кории ҷониши муовини сардори ШВКД, ки номаш дар хотирам нест, ба фикрам Абдулозода буд, даъват карданд. Ӯ ба дастам ҳазор сомонӣ дод, ман нафаҳмидам ин барои чист? Баъдан фаҳмидам, ки писарам дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ аст”.
Дар ҳамин ҳол судшаванда Исломбек Забирзода ҳамаи итиҳомотро нисбаташ рад карда ҷабрдидаро дуруғгӯ гуфт. “Дар бинои ШВКД навбатдор меистад, роҳбарият аст. “Ман наметонистам то саҳар дар утоқи кориям нигоҳ дорамаш. Навбатдори шуъба баъди анҷоми кор тамоми утоқҳои кориро хабар мегирад ва намегузорад, ки дар утоқҳои корӣ касе бимонад. Он гунае, ки ҷабрдида мегӯяд, ки ман латукӯбаш кардаам бояд зинда намемонд. Ман як чизро намефаҳмам чаро ҷабрдида ва наздиконаш танҳо манро ба ёд доранду дигаронро не. Чӣ танҳо ман дар ёдашон мондаам”, суол гузошт судшаванда.
Вале ба ин суоли майор Забирзода посух дода нашуд ва то кунун дар ин қазия ба ҷузи ӯ каси дигаре посухгӯ нест. Ҳарчанд ишораҳои Забирзода дар ин бора дар ҷаласаи додгоҳӣ садо доданд.
Дар назар аст, баъди як ду мурофии дигар Додгоҳи ноҳияи Хуросон ҳукмро эълон мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Роғун", мораторий ба санҷиш, "лимит"-и барқ, ниёз ба кадр ва рақамикунонӣ. Матни пурраи паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 декабри соли 2024
10 филми беҳтарини Осиё Марказӣ дар соли 2024. Онҳо кадомҳоянд?
Поёни “лимит”, афзоиши маошу нафақа ва интихоботи шаффоф. Муҳимтарин нукоти паёми Эмомалӣ Раҳмон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 декабри соли 2024
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми гузашта дода буд, иҷро шуд?
Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?
Беш аз 471 ҳазор ронанда санади “утилизатсия”-и мошин гирифтаанд
Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд
Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста