Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Душанбе Сити” тасмим гирифт, ки арзиаашро нисбати ҷавонзане, ки банкоматҳоро шикаста буд, бозпас мегирад ва хароҷоти марбут ба таъмири банкоматҳоро худаш пардохт мекунад.
Ҷавонзани 35-солаи сокини ноҳияи Темурмалик бо сабаби надоштани пули нақд дар терминалҳо ду банкомати ширкати “Душанбе Сити”-ро воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар кӯчаи Айни бо санг зада шикаст. Навори видеои ин амал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.
“Мо аз вазъи зиндагии ин зан огаҳӣ ёфта, тасмим гирифтем, ки аризаамонро бозпас мегирем ва хароҷоти вобаста ба таъмири банкоматҳоро худамон пардохт мекунем”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати “Душанбе Сити”.
Дар ширкат зикр карданд, ки замони рух додани ҳодиса дар банкоматҳо пул мавҷуд буд.
“Мушкили гирифтани пули нақд дар банкоматҳо ба мушоҳида мерасад ва мо кӯшиш дорем, ки пайваста ва мунтазам зиёда аз 450 банкоматро дар саросари Тоҷикистон бо пул таъмин кунем”, - гуфтанд дар ширкат.
Дар ширкат инчунин сабаби аз банкомат пул гирифта натавонистани ҷавонзанро шарҳ доданд.
“Зан се маротиба пин-кодро нодуруст ворид намуда, пас аз он, ки дастрасӣ ба корт қатъ мешавад, табиист, ки дигар аз он пул гирифта наметавонад. Пас аз се маротиба нодуруст ворид намудани пин-код низоми мо дастрасӣ ба кортро ба муддати 24 соат қатъ мекунад”, - зикр карданд дар бонк.
Ёдрас мекунем, ки кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин занро рӯзи 24 май боздошт карданд. Мақомоти милитсия барои боз кардани парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 255 КҶ ҶТ (Қасдан нобуд кардан ё зарар расонидан ба амвол) мавод омода мекард.
Аз 10 апрел дар банкоматҳои Тоҷикистон барои гирифтани пул мушкилӣ пайдо шуд. Дар бонкҳо сабаби ин ҳолатро чунин шарҳ доданд, ки қурби рубл нисбати сомонӣ босуръат боло рафта, муштариёни як бонк аз банкоматҳои бонки дигар пули нақд мегиифтанд.