Нимсолаи аввали соли равон 21048 ҷинояти аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда мавриди тафтиш қарор гирифтааст, ки 10% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба “Интерфакс” роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александ Бастрикин хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 6 моҳи соли 2022 аз ҷониби муҳоҷирони ғайриқонунӣ 1685 ҷиноят содир шудааст.
“Соли гузашта аз ҷониби муҳоҷирони корӣ (қонунӣ) қариб 8 ҳазор (7 910 адад) ҷиноят ва аз ҷониби муҳоҷирони ғайриқонунӣ зиёда аз 2,8 ҳазор ҷиноят содир шудааст. Соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамагӣ 36 ҳазору 420 ҷинояти аз ҷониби хориҷиён содиршударо тафтиш кардаанд, ки 6% зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад”, - иброз доштааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Бастрикин зикр кардааст, ки ҳолатҳои аз ҷониби муҳоҷирон содир гардидани ҷиноятҳои вазнин ва ниҳоят вазнин аз қабили куштор, таҷовуз ба номус, рабудани одамон ва таблиғи рӯҳияи ифротгароӣ зиёд мешавад.

“Ҳамаи ин ҷомеаро нигарон мекунад. Одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо дар ин бора навишта, дархост мекунанд, ки ба ин ҳолатҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад”, - гуфтааст роҳбари Кумита.
Ба гуфтаи Бастрикин, аксарияти ҷиноятҳо аз ҷониби муҳоҷирони синнусоли миёна ва афроде, ки бекору сарчашмаи доимии даромад надоранд, содир карда мешаванд.
Яке аз сабабҳои чунин ҳолатро Бастрикин чунин шарҳ додааст, ки бисёр вақт муҳоҷирон бидуни шартномаи меҳнатӣ ба корҳои ғайритахассусӣ ва маошаш паст ҷалб шуда, аксаран корфармоҳо ба онҳо аз маблағи гапзаноншуда камтар музди меҳнат медиҳанд.
“Аз ин рӯ, муҳоҷирон мехоҳанд, ки мустақилона тариқи роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ ин мушкилро ҳал кунанд, ки ба содир намудани ҷиноятҳо боис мегардад”, - илова кардааст ӯ.
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2025
"Аз таҳти дил ва самимӣ месароид". Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ
Тавсеаи ҳамкориҳои “Саноатсодиротбонк”-и Тоҷикистон бо Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ
“Почтаи тоҷик” баъди як соли танаффус интиқоли нома ва бастаро ба Русия оғоз кард
Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 3 моҳ 87 млн доллар кам шуд
Тобистони муфид барои кӯдакон: MediaLAB Asia+ барои наврасон барномаи таълимӣ роҳандозӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста