Таҳқиқи парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик расман ба поён нарасидааст, гуфтааст Абдураҳмон Шарифов, яке аз адвокатҳои ӯ.
“То ҳол охирин айбро эълон накардаанд, мо – адвокатҳо охирин протоколи шиносшавии парвандаро имзо накардаем. Чунин расмиёт дар парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ риоя шуда буд, аз ин лиҳоз таҳқиқи парвандаи Далери Имомалӣ ҳоло ба поён нарасидааст”, - гуфт А. Шарифов.
Наздикони Далери Имомалӣ ҳам дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз ҳолати кунунии парвандаи мазкур изҳори бехебарӣ карданд.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз, Радиои “Озодӣ” бо такя ба манбаи худ аз анҷоми таҳқиқи парвандаи Далер ва эҳтимоли ирсоли он ба суд иттилоъ нашр намуд.
Гуфтугузорҳо доир ба анҷом таҳқиқи парвандаи Далер дар ҳолест, ки чанде пеш модари Далер вобаста ба замони анҷоми тафтиши парвандаи писараш изҳори бехабарӣ карда буд.
Далери Имомалӣ, блогери шинохтаи тоҷик, ки ду моҳ қабл боздошт шуд, бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ- моддаи 291 қисми 1 (соҳибкории ғайриқонунӣ), 346 қисми 1 банди “а“ (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва моддаи нав - 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнӯъ) айбдор мешавад.
Наздикони Далери Имомалӣ иттиҳоми ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъро рад мекунанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 марти соли 2025
Ҳама хурсанд, ҳатто шикастхӯрда ҳам эътирозе надорад. Аввалин вокуниши роҳбарони ҳизбҳо ба натиҷаи пешакии интихобот
Додситони нави ҳарбӣ хост, ки аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш пешгирӣ шавад
Тағйироти кадрӣ дар сохтори додситонӣ ва додгоҳӣ. Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навро ба ислоҳи камбудиҳо ва забондонӣ муваззаф кард
Деҳқонони Тоҷикистонро ба кишти пахта маҷбур мекунанд
Азсаргирии парвози мустақим ва то $500 млн расонидани гардиши мол. Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон боз аз чиҳо гуфтанд?
Рӯнамоии “Асарҳои мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ дар Украина
Содироти барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя қариб 3 баробар афзуд
Нархи хӯрокворӣ дар рӯзҳои аввали моҳи Рамазон: аллакай боло мераванд
Дар Тоҷикистон Стратегияи бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳия мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста