Дар минтақи шарқи кишвар ду сокини ноҳияи Лахш барои пешниҳоди пора ба шахси мансабдор ҳар кадоме ба муҳлати 6 соли зиндон маҳкум шуданд.

Тавре ки Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳукм дар ин бора 9 декабри соли гузашта содир шуда, лекин маълумот дар сомонаи ин ниҳод рӯзи 16 феврал нашр шуд.

Гуфта мешавад,  сокини ноҳияи Лахш Имомуддин Ҷолдошов тибқи маслиҳати пешакӣ бо Усон Сайфиддинов мехостааст, ки падараш Халил Ҷолдошовро, ки нисбати ӯ мутобиқи моддаи 305 КҶ ҶТ (Хиёнат ба давлат) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кунад.

“Бо ин мақсад Имомуддин Ҷолдошов ба кормандони Раёсати ВКД дар ноҳияи Рашт ба сифати пора 15 ҳазор сомонӣ пешниҳод мекунад, - омадааст дар хабар. - Рӯзи 22 сентябр ӯ ин маблағро ба кабинети муовини сардори Раёсати ВКД-и ноҳия меорад”.

Ба иттилои манбаъ, Ҷолдошов ва Сайфиддинов ҳангоми кӯшиши ба шахси мансабдор додани 15 ҳазор сомонӣ пора аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааанд, лекин гуфта намешавад, ки Сайфиддинов дар ин кор чӣ нақше доштааст.

Нисбати ҳар ду тибқи моддаи 320, қ.2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Додани пора ба шахси мансабдор) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, бо қарори суди ноҳияи Рашт ҳар кадоме аз онҳо ба муҳлати 6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.