Кормандони постгоҳи гумруки Тюмени Русия занеро, ки бо пулҳои дар эъломия зикрнашуда ба Тоҷикистон раҳсипор буд, боздошт намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
Зане, ки ному насаб ва миллаташ зикр намешавад, ният дошт бо хатсайри Сургут-Хуҷанд дар бағочи дастиаш 1 млн 167 ҳазор рублро ба Хуҷанд расонад.
“Ӯро дар “минтақаи сабз”-и назорати гумрукӣ боздошт намуданд. Маблағи баробар ба 10 ҳазор долларро ба зани мусофир зери баёнот баргардонида, 451,5 ҳазор рубли боқимондаро, ки гузарониданаш ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад, мусодира намуданд”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
Аз рӯи далели мазкур парванда оид қонушикании маъмурӣ боз шуда, маводи парванда ба суд ирсол шудааст. Зан метавонад то маблағи дукаратаи пулҳои дар эъломия зикрнашуда ҷарима супорад ё он мусодира шавад.
Дар Русия ҳангоми аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани пули нақди баробар ба зиёда аз 10 ҳазор доллар эъломияи гумрукиро пур кардан зарур аст. Барои зикри хаттии асъор дар эъломия пардохти гумрукӣ ситонида намешавад ва он барои шахсе, ки эъломияро пешниҳод мекунад, бепул аст.
Дар ҳамин ҳол, агар пули нақд аз 10 ҳазор доллар (дигар асъори баробар ба он низ) зиёд бошад, ҳангоми дар эъломия зикр гардидани он, ҳуҷҷати аз куҷо дарёфт шудани ин маблағ талаб мешавад.