Айбдоркунандаи давлатӣ ё додситон барои 4 гумонбари қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини пешини раиси “Ориёнбонк” ҳукми абад ва барои 10 муттаҳами дигар аз 3 то 14 соли зиндон хостаст.
Радиои Озодӣ бо такя ба ду манбаъаш менависад, ки ҳабси якумрӣ барои Дилшод Саидмуродов ва соҳибкор Қамарруззамон Азизов талаб шудааст.
Ба гуфтаи манбаъи расона, “гумонбарон танҳо ба куштани Шуҳрат Исматуллоев муттаҳам нестанд, ба зидди баъзе аз онҳо барои хабар надодан ё пинҳон доштани ҷиноят парванда боз кардаанд ва барои ҳамин ҷазояшон камтар аст”.
Баъди талаби айбдоркунандаи давлатӣ, “додрас ба хонаи машваратӣ рафт ва рӯзҳои наздик ҳукми додгоҳ нисбат ба 14 нафар содир мешавад”.
Аз Маркази матбуоти Додгоҳи Олӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар бораи талаби додситонӣ хабар надоранд ва “мурофиаи гумонбарони парвандаи қатли Шуҳрат Исматуллоев идома дорад”.
Ин парвандаро Додситонии кулли Тоҷикистон боз карда, тафтишот бурда ва ба Додгоҳи олӣ равон кардааст. Аммо аз маркази матбуотии ин ниҳод дар ин робита ба “Азия-Плюс” маълумоти мушаххаас надоданд ва ба зангҳои паёпаи мо аз Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ посух дода надоданд.
Назари гумонбарон ва пайвандони онҳо ҳам дастрас нест.
Гуфтан зарур аст, ки муҳокимаи гумонбарони қатли Шуҳрат Исматуллоев аввали моҳи январи имсол аз тарафи додраси Додгоҳи олӣ оғоз шуд. Мурофиа дар Боздоштгоҳи муваққатӣ мегузарад ва барои ҳамин гирифтани иттилоъ дар бораи он чӣ дар дохил мегузарад, мушкил аст.
Юсуф Раҳмон, додситони кулл, моҳи феврали имсол ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, дар робита ба рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев ба зидди 18 нафар парванда кушодаанд. Аз инҳо 14 нафар дар курсии айбдорӣ нишастаанд, ду нафарашон дар кофтукоб қарор доранд ва ду гумонбари дигар фавтидаанд.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам зимни нишасти матбуотӣ расман ҷузъиёти рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоевро ба рӯзноманигорон ироа кард ва гуфт, бонкдори тоҷик ба сохтмони бинои баландошёна бо Қамаруззамон Азизов, яке аз шарикони тиҷоратии ӯ рабт дорад.
Ӯ гуфт, баъди дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор гирифтан, Азизов ба Дилшод Саидмурод (Дилшоди СБ) маълумот медиҳад, ки “гӯё Исматулооев ба арзиши зиёда аз 2 миллиард доллар криптовалюта дорад”.
“Қамаруззамон Азизов ва Дилшод Саидмурод гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ созмон дода, ба тарзу усули кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал карда, нақша кашидаанд, ки Исматуллоевро рабуда, бо истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷа маблағҳояшро тасарруф карда, ӯро ба қатл мерасонанд. Барои амалӣ кардани ин ҷоният Қамаруззамон Азизов ба Дилшод Саидмурод 1 миллиону 500 ҳазор доллар ваъда медиҳад”, - гуфт Шоҳиён.
Дар бораи ҷузъиёти бештари ин парванда аз мақолаи “Сирри махфӣ нест”. Аз “А” то “Я”-и қазияи рабудан ва қатли бонкдори тоҷик Шуҳрат Исматуллоев” маълумоти бештар пайдо кунед.
Чӣ тавр Telegram-каналҳои русгаро барои хатарнок нишон додани муҳоҷирон маълумотро таҳриф мекунанд
Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб гардиданд?
Ярмаркаи фурӯши ангишт дар Суғд. Он чанд рӯз идома мекунад ва нархи ангишт чанд аст?
Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунанд ва чӣ тавр осон метавон пардохт кард?
“Гавҳари ашк”-и Озарахш ва “Сетор”-и Фарзона чоп шуд
Дар Душанбе се нафар худро устои таъмири хона муаррифӣ намуда, ба ғоратгарӣ даст заданд
Омӯзиши забони кореягӣ ва касб барои кор дар Корея. Ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Президенти пешини Русия гуфт, қабули кӯдакони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, ба мактаб қатъ карда шавад
Даргузашти “духтари газета” - Гулчеҳра Фозилова
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Паёмбар ва корвони ташна”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста