Волидони духтарони мактаби миёнаи №51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои муноқиша байни фарзандонашон ҷарима мешаванд. Дар робита ба ин ҳодиса протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ,ин ҳодиса рӯзи 31-уми май, тақрибан соати 9:35 дақиқа ҳангоми танаффус рух додааст.

“Хонандагон-духтарони синфи 8 дар саҳни бинои мактаб аз шухӣ ба муноқиша гузашта, бо якдигар даст ба гиребон шудаанд, - омадааст дар хабари Раёсат. -Санҷиши ҳодисаи мазкур собит сохт, ки дар вайрон намудани тартибот ва сар задани муноқиша байни хонандагон, ҳар ду ҷониб мусоидат намудаанд”.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати 5 нафар волидайни ноболиғон мутобиқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон, ҷиҳати нокифоя ба роҳ мондани назорати хонандагон, ки боиси муноқиша дар дохили муассисаи таълимӣ гардидааст, бо роҳбарият ва нафарони масъули муассисаи таълимии мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.