Вақте ки шаҳрвандон дар бораи шиканҷа ва маҷбур кардан ба додани нишондодҳои бардурӯғ ба таври оммавӣ изҳори назар мекунанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ гуна бояд вокуниш нишон диҳанд? Механизмҳо муайян шудаанд. Вокуниш хоҳад шуд?

Мо беҳудаву бесабаб ба ин мавзӯъ рӯ наовардем.

Чӣ воқеъа рух дод?

Пештар «Азия-Плюс» навишта буд, ки кормандони милицияи шаҳри Конибодом ба гумони даст доштан дар қатли ҳамсарон бародари кушташударо дастгир карданд. Дастгиршуда сокини деҳаи Сайҳун, ҷамоати Фирӯзоба мебошад. Хешовандони дастгиршуда изҳор медоранд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқоти муфассал нагузаронида, ӯро бе ягон асос айбдор карданд.

Пас аз 21 рӯзи куштори онҳо Шарифҷон Ашӯров, бародари Музаффар Урмонов боздошт шуд ва айни замон дар боздоштгоҳи тафтишотии шаҳри Хуҷанд қарор дорад.

Рӯзи 12 июн ҳамсари Шарифҷон Ашӯров - Дилором дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар шӯъбаи милицияи шаҳри Конибодом ӯ, духтараш ва хоҳари Шарифҷон Ашӯровро шиканҷа кардаанд, то ки шавҳараш гуноҳи қатлро ба зимма гирад.

«Дар шӯъбаи милиция шавҳарамро бо осори зарбу лат дидам. Моро ҳам шиканҷа карданд. Пас аз ин ман бо хоҳиши шавҳарам чанд ҳуҷҷатро имзо кардам, аммо намедонам, ки дар ин варақҳо чӣ навишта шуда буд», - иброз дошт Ашӯрова.

Мақомоти милитсияро ба таври оммавӣ ба истифодаи шиканҷа айбдор карданд. Вокуниш бояд чӣ гуна бошад?

“Азия-Плюс” кӯшиш кард, ки аз кормнадони масъули милитсияи шаҳри Конибодом шарҳ бигирад, лекин ҳамаи талошҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд.

Шуъбаи корҳои дохилии шаҳр, Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва Вазорати корҳои дохилӣ худро тавре вонамуд мекунанд, ки ҳеҷ чизе рух надодааст.

Бо сабаби хомӯшии мақомот, «Азия-Плюс» барои гирифтани фикри коршинос ба доктори илмҳои ҳуқуқ - Шокирҷон Ҳакимов муроҷиат кард, то бифаҳмад, ки дар сурати айбдории оммавӣ ба шиканҷа, тибқи қонун мақомот бояд чӣ гуна вокуниш нишон диҳанд.

Акси марбута
Сурат аз NEWS.ru

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати айбдоркунии оммавӣ ба шиканҷа, мақомоти Тоҷикистон вазифадоранд, ки мувофиқи қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби давлат эътирофшуда амал кунанд.

Ин ба баррасии боадолат ва шаффофи вазъият, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва адолати судӣ кафолат медиҳад. Ба ин тариқ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба изҳороти оммавӣ вокуниш нишон дода, корҳои тафтишотиро оғоз кунанд.

Вокуниши фаврии мақомоти назоратӣ

Пеш аз ҳама, додситонӣ (прокуратура) ва мақомоти болоии корҳои дохилӣ бояд фавран ба айбдоркуниҳо вокуниш нишон диҳанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ бояд барои таъмини мустақилият ва воқеъбинона сурат гирифтани тафтишот ҷалб карда шавад.

Ҳакимов шарҳ дод, ки вокуниши зуд ба айбдоркуниҳо омодагии мақомотро ба баррасии адолатнок ва пешгирии қонуншиканиҳои минбаъда нишон медиҳад.

Таъини тафтишоти мустақил

Барои гузаронидани тафтишоти дақиқ ҷалби  мутахассисони мустақил ва соҳибтаҷриба зарур аст. Инҳо метавонанд кормандони раёсати амнияти дохилӣ ё кормандони прокуратура ба сифати зинаи назоратӣ бошанд.

Вазифаи онҳо муайян кардани он аст, ки оё нисбат ба айбдоршаванда усулҳои ғайриқонунӣ ва зӯроварӣ истифода шудаанд ё на. Мустақилияти тафтишот воқеъбинӣ ва адолатро дар муайян кардани далелҳо кафолат медиҳад.

Ду моҳ аст, ки сокинони Конибодом дар тарсу ҳарос зиндагӣ доранд, аммо мақомоти милитсия ҳеҷ шарҳе дар ин хусус намедиҳанд.

Ҳамкории мутақобила бо хешовандони гумонбаршуда

Ба кор бо хешовандони айбдоршаванда, ки ба таври оммавӣ дар бораи шиканҷа изҳори назар карданд, бояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир шавад.

Зарур аст, ки тамоми маълумоти пешниҳодкардаи онҳо муфассал ҷамъоварӣ ва мавриди санҷиш қарор гирад.

Хешовандон аксар вақт дорои маълумоти муҳим мебошанд, ки метавонанд дар муайян кардани ҳақиқат кӯмак расонанд, аз ин рӯ, иштироки онҳо дар тафтишот ниҳоят муҳим аст.

Арзёбии далелҳо ва санҷиши ҳуқуқӣ

Агар хешовандон аз изҳороташон даст кашанд ё натавонанд далел пешниҳод кунанд, мақомоти босалоҳият бояд дар мавриди ҷой доштани туҳмат санҷиш гузаронанд.

Мақомоти тафтишотӣ вазифадоранд тавре кор кунанд, ки ба истифодаии зӯроварӣ ва маҷбур кардан ба додани нишондодҳо роҳ дода нашавад.

Кор бояд танҳо дар заминаи далелҳои воқеӣ ва риояи тартиботи қонунӣ асос ёбад.

Баррасии одилонаи судӣ

Амалҳои расмӣ дар мурофиа бояд тибқи принсипҳои давлатдории ҳуқуқӣ гузаронида шаванд.

Додгоҳи зинаи аввал, дуюм, яъне, марҳилаи таҷдиди назар (кассатсионӣ), зинаи сеюм, марҳилаи назоратӣ бояд парвандаро воқеъбинона ва беғараз баррасӣ кунанд.

То ҳукми қонунӣ гирифтани ҳукм, ҳеҷ кас наметавонад гунаҳкор эътироф шавад, ки ин эҳтимолияти бегуноҳии гумонбаршавандаро таъмин мекунад.

Чораҳои интизомӣ ва ҷазо барои қонуншиканон

Дар сурати исботи шиканҷа, кормандони гунаҳкор бояд фавран аз пешбурди парвандаҳо барканор карда шаванд.

Дар сурати баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва расонидани зарар ба саломатӣ, бояд парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардад.

Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, гунаҳкорон метавонанд аз кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барканор карда шаванд.

Мувофиқи моддаи 143, иловаи 1 “Шиканҷа” Кодекси ҷиноятии ҶТ,  қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ва (ё) рӯҳӣ, ки аз ҷониби шахсе, ки таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо таҳрики онҳо ё розигии хомӯшонаи онҳо ё бо огоҳӣ доштани онҳо аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ё ҷазо додани ӯ барои ҳаракате, ки ки ӯ ё шахси сеюм содир намудааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маҷбур кардани ӯ ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст (дар таҳрири Қонуни ҶТ аз 02.01.2020 No1661), бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо дода мешавад.

Ин қадами муҳим барои таъмини адолат ва пешгирии такрори чунин қонуншиканиҳо мебошад.

«Ҳамин тариқ, дар сурати айбдоркунии оммавӣ ба истифодаи шиканҷа, мақомоти Тоҷикистон бояд зуд ва қатъӣ амал кунанд. Тафтишоти фаврӣ ва мустақил, ҳамкорӣ бо хешовандон, санҷиши муфассали далелҳо ва баррасии одилонаи судӣ – унсурҳои асосӣ дар мубориза бо шиканҷа ва вайрон кардани ҳуқуқи инсон мебошанд.

Танҳо риояи ин принсипҳо метавонад адолат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро кафолат диҳад», - хулоса кард ҳуқуқшинос.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.