Додгоҳи ноҳиявии Самара се нафарро, ки дар ҳамла ба вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев гумонбар дониста мешаванд, ба ҳабс гирифт.
Тавре ки 63.ru менависад, дар ин амал Мурод Мусурови 19-сола, зодаи Ӯзбекистон, Некруз Боҳирови 19-сола, зодаи Тоҷикистон ва як навраси 16-сола аз шаҳри Самара гумонбар дониста мешаванд.
Додгоҳ ҳамаи онҳоро барои як моҳ ва 19 рӯз - то 17 сентябр ба ҳабс равона кард.
Парвандаи ҷиноятӣ аввал тибқи моддаи авбошӣ оғоз ёфта, аммо баъдтар раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрыкин дастур дод, ки моддаи парвандаи ҷиноӣ ба суиқасд ба ҷони вакил иваз карда шавад.
Ҳоло иштирокчиёни ҳодиса ба кӯшиши куштори гурӯҳӣ бо мақсади нобуд кардани ду ва ё зиёда шахсоне, ки вазифаи ҷамъиятӣ иҷро мекарданд, айбдор карда мешаванд.
Тибқи ин модда ба муттаҳамон то 15 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Матвеев рӯзи 18 июл хабар дода буд, ки дар Самара шоҳиди ҳамлаи муҳоҷирон ба як сокини маҳаллӣ шудааст. Вакил ба ёрии мард шитофта, дар натиҷа аз сараш зарба мегирад Ба гуфтаи вакил, пӯсти сари ӯ дарида, устухони китфи ронандааш шикастааст.
Қобили зикр аст, ки Матвеев ҳамчун ҷонибдори шадидтар кардани қоидаҳо барои муҳоҷирон дониста мешавад. Ӯ борҳо нисбати муҳоҷирони корӣ манфӣ изҳори назар карда, ташаббускори қабули қарорҳо зидди муҳоҷирон мебошад.