Искандар Шафеиён, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара, ки чанде пештар Оҷонсии зиддифасод барои қаллобӣ муттаҳам карда буд, пас аз ҷарима аз ҷониби додгоҳ, аз вазифа барканор шудааст.
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, рӯзи 22‑юми июл, зимни нишасти матбуотӣ, ин кирдори зердасташро шарҳ дода, гуфт, Искандар Шафеиён аз вазифа барканор шуд.
“Кораш то суд рафт, суд ҷазои худро татбиқ кард, яъне ҷарима таъин кард ва Шафеиён аз вазифа озод карда шуд”, ‑ зикр кард шаҳрдори Исфара.
Аммо Баҳоваддин Баҳодурзода дақиқ нагуфт, ки қарори додгоҳ кай содир шудаву татбиқ гаштааст. Ҳамчунин, Шафеиён чанд сомонӣ ҷарима шудааст.
Ёдрас мешавем, ки дар хусуси қаллобии Искандар Шафеиён 29-уми апрели соли ҷорӣ Оҷонсии зиддифасоди кишвар иттилоъ дода буд.
Он замон ин ниҳод навишт, ки Шафеиён моҳи майи соли 2021 барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хона аз чанд шаҳрванд, дар умум 180 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Гуфта шудааст, ки номбурда маблағро барои эҳтиёҷоти шахсиаш истифода бурда, хостаҳои ҷабрдидаҳоро иҷро накардааст.
Нисбати Искандар Шафеиён барои қаллобӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд. Ин банди қонунгузорӣ аз 1 ҳазору 460 то 2 ҳазору 190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (10 ҳазору 220 то 15 ҳазору 330 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ҷазо пешбинӣ мекунад.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста