Дар шаҳри Бохтар фаъолияти маркази дилхушии “Париж” қатъ гардида, бар зидди роҳбар ва як корманди он парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Сабаби қатъи кор ва боз шудани парванда муноқишаи роҳбарияти ин марказ бо як мизоҷ будааст.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ дода, менависад, ки ин сеюмин маркази дилхушии шаҳри Бохтар аст, ки ҳафтаҳои охир “барои риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ” фаъолияташ қатъ гардида, бар зидди роҳбарони он парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ҳодисае, ки боиси қатъи фаъолияти “Париж” шуд, аз ин оғоз мешавад, ки Баротов Сироҷиддин ном сокини шаҳри Бохтар дар ҳолати сархушӣ вориди маркази дилхушӣ гардида, бо мизоҷон баҳсу мунозира мекунад.
Роҳбар ва пешхидмати ин марказ ба баҳси мизоҷон ҳамроҳ шуда, Баротов Сироҷиддинро дашному ҳақорати қабеҳ ва латукӯб намудаанд, ки дар натиҷа, ҷабрдида дар беморхона бистарӣ гардидааст.
“Вобаста ба ҳодисаи мазкур нисбати дастгиршудагон, аз ҷумла роҳбар ва пешхизмати маркази дилхушии Париж Ҷалолов Амирҳамза ва Шерзода Ҷунайд тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, фаъолияти маркази дилхушии “ Париж” қатъ ва дари он муҳр зада шуд”, - омадааст дар ахбори Раёсати ВКД дар Хатлон.
Ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (72 ҳазор сомонӣ то 144 ҳазор сомонӣ) ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки моҳи феврали имсол Абдумаҷид Муминзода, раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон гуфта буд, ки зидди фаъолияти марказҳои дилхушӣ аст.
Баъди интиқоди ӯ моҳи майи имсол масъули ду маркази дилхушӣ дар шаҳри Бохтар барои риоя накардани қоидаҳои реҷаи шабона 5 шабонарӯз ҳабс карда шуданд.
Инчунин моҳи сентябр пулиси пойтахт барои танзими фаъолияти марказҳои дилхушӣ “рейд” гузаронид ва зимни санҷиши марказҳои дилхушии “Самира”, “Париж”, “Шоми Кӯлоб” ва “Ҷавонон” 230 духтару писари ҷавон дар доираи амалиёти “Ахлоқ” ба шӯъбаи мақомоти милитсияи пойтахт оварда шуданд. Тақдири баъдии онҳо маълум нест.
Даргузашти Оқохони 4, пешвои исмоилиҳои ҷаҳон
Пешниҳоди таъсиси Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Кувейт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 феврали соли 2025
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста