Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон алайҳи сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Ваҳдат ва роҳбари як ҷамъияти хусусӣ барои дуздии қариб 200 ҳазор сомонӣ пули буҷет, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ин ниҳод аз сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Идиев А.Ҳ ном бурда, гуфтааст, ки номбурда аз 20-уми июни соли 2023 дар ин вазифа кор мекард.
Манбаъ гуфт, Идиев А.Ҳ. бо Гадоева И.Н, роҳбари ҶДММ “Ясир Инкишоф”, дар солҳои 2023–2024 “барои ҷалби шаҳрвандони бекор ба корҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди ин шаҳр дар чанд ҳолат ба суратҳисоби ҷамъияти зикршуда қариб 200 ҳазор сомонӣ гузаронида, ба воситаи Гадоева И.Н ин пулро нақдӣ карда гирифтааст”.
“Идиев А.Ҳ. ва Гадоева И.Н. маблағи зикршударо аз рӯи таъиноташ истифода набурда, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳолати гӯё пардохт шудани 199900 сомониро ба шаҳрвандон барои ҷалб шуданашон ба корҳои ҷамъиятӣ вонамуд сохта, дар асл маблағи зикршударо бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф карданд”,-навиштааст Оҷонсӣ.
Оҷонсии зиддифасод гуфтааст, ки алайҳи Идиев ва Гадоева бо иттиҳоми “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” (моддаи 245 қисми 4 банди “б” КҶ) ва “сохтакории хизматӣ” (моддаи 323 КҶ) парвандаи боз гардида,барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Бар асоси ин ду иттиҳом ба гумонбарон ҷарима ё аз 10 то 15 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.
Ба гуфтаи манбаъ зарар пурра ба буҷаи давлат баргардонида шудааст. Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки гумонбарон боздошт шудаанд, ё не. Ҳамчунин, назари худи онҳо дар робита ба ин қазия дастрас нест. Маълум нест, ки онҳо чӣ ҷазо гирифтанд.
Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мизи ҳарбӣ ва заминсозӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир ва ҳабс мешаванд.
Ба иттилои Оҷонсии зиддифасод дар шаш моҳи аввали соли равон 1 ҳазору 245 ҷинояти корупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро, ки аз ҷониби 710 нафар содир гардидааст, ошкор кардааст. Вобаста ба ин, 571 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 528 нафар боз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Бояд гуфт, ки тибқи гузориши Созмони байнулмилалии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар бораи вазъи марбут ба фасод дар ҷаҳон Тоҷикистон дар ин шохис (индекс)-и нави дарки (қабули) “коррупсия” бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кардааст.





Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста