Муқим Ашӯров, соҳибкоре, ки аз ӯ чун қудои Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ёд мешавад, дубора боздошт ва ба “қаллобӣ” гардидааст. Имрӯз, 30-юми сентябр, мебоист мурофиаи ӯ дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор мешуд, вале бо сабабҳои барои расонаҳо номаълум, ба рӯзи дигар гузошта шуд.
Ӯ бори аввал моҳи майи соли равон боздошт ва ба қаллобӣ гумонбар, вале баъди ду моҳ озод шуд. Худаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “қаллоб нею “қарздор” буд ва он вомро пардохт”.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, ҳоло Ашӯров дубора боздошт ва ҳудуди ду моҳ мешавад дар боздоштгоҳ аст. Аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд боздошти ӯро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, вале ҷузъиёти бештар надоданд.
Ҳамчунин, дар ҷадвали тасдиқшудаи баргузории мурофиаҳои судии Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, номи Ашӯров Муқим Муллоҷонович пайдо шуд, ки имрӯз, 30-юми сентябр соати 14:00, бояд мурофиааш баргузор мешуд. Мурофиа таҳти роҳбарии додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Иброҳимзода Н.А бояд мегузашт.

Хабарнигори “Азия-Плюс” барои ширкат ба ин мурофиа рафт. Вале имрӯз, дар вақти муайяншуда мурофиаи додгоҳӣ баргузор нашуд. Сабабаи баргузор нашудани мурофиаро ҳам шарҳ надоданд.
Мурофиаи ӯ дар асоси моддаи 247 қисми 4 банди б ё "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" бояд баргузор мешуд. Ин банди қонунгузорӣ аз 109 ҳазору 500 то 164 ҳазору 250 сомонӣ (1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, як нишондищанда дар соли 2025-ум 75 сомонӣ) ҷарима ва ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари худи Муқим Ашӯров ва вакили дифои ӯ дар робита ба боздошт ва парванда маълум нест.
Муқим Ашӯров соли гузашта дар пайи шикояти як сокини шаҳри Хуҷанд боздошт шуда буд. Гуфта мешуд, ӯ чанд сол пеш ба боварии як сокини Хуҷанд даромада, барои фурӯши мағозаи чорошёна 320 ҳазор доллар гирифтааст. Баъдан он мағозаро боз ба каси дигар фурӯхта, маблағи аввалиро бозпас надодааст. Бо гузашти ду моҳ ба озодӣ баромад ва гуфт, қарзро пардохт кардааст.
Маълумот дар бораи Мақим Ашӯров хело кам аст. Танҳо маълум аст, ки ӯ сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҷойи зисташро шаҳри Хуҷанд ва масъулияташро мудири ширкати сайёҳии “Спутник” навиштааст. Тибқи иттилои расонаҳо, як писари Муқим Ашӯров бо духтари Қоҳир Расулзода оиладор шудааст.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста