Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Магерам Алиевро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати сафириаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Магерам Алиев ба Эмомалӣ Раҳмон ордени байналмилалии «Моҳи нав ва ситора» - и Кумитаи байналмилалӣ доир ба мубориза бо терроризм, нашамандӣ ва ҷиноятҳои экологӣ «INTERSAFETY» - ро тақдим намуд.
Тавре зикр гардид, ин орден дар Иттиҳоди байналмилалии мукофотии Созмони Милали Муттаҳид UNCOPA сабт гардида, ягона мукофоти байналмилалӣ мебошад, ки дар он рамзу нишонаҳои мусулмонӣ инъикос ёфтаанд. Бо ордени байналмилалии «Моҳи нав ва ситора» роҳбарони кишварҳои мусулмоннишин ва шахсиятҳои барҷастаи олами ислом барои нақши намоёнашон дар тарғиб ва татбиқи ғояҳои инсондўстию адолат сарфароз гардонда мешаванд.
Дар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дўстӣ ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Озарбойҷон гуфтугў сурат гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти дипломатии Магерам Алиев дар мўҳлати сафораташ дар Тоҷикистон баҳои мусбӣ дод. Дипломати Озарбойҷон изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таҳким ва густариши робитаҳои судбахши ду кишвари дўст кўшиш ба харҷ хоҳад дод.
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2025
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста