Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Умаралӣ Хисейнов муқобили ворид сохтани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» овоз доданд.
Пас аз анҷоми ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки «ҲНИТ аз кӯшишҳои ҳукумат ҷиҳати таҳти назорат қарор додани ҷараёни таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар пуштибонӣ мекунад, вале ҳукуматдорон ба масъалаи он, ки эҷоди монеъа ба шаҳрвандон барои гирифтани маълумот мустакиман нақзи ҳуқуқи онҳо аст, эътибор надодааст».
Ба қавли мавсуф, ҳукуматдоронро кофӣ буд, ки ҷиҳати назорати таҳсилоти шаҳрвандон дар муассисаҳои динии хориҷии кишвар дар Вазорати маориф ва Кумитаи дини ҷумҳурӣ як ниҳоди иҷозатномадиҳӣ таъсис бидиҳанд ва талаби доштани маълумоти аввалияи дар қаламрави Тоҷикистон гирифта барои ин зиёдатӣ аст.
Ба эътиқоди раиси ҲНИТ, баъзе доираҳо дар ҳукумати кишвар ва муҳити маънавӣ дар оянда ният доранд, ки як касберо чун мулло рӯйи кор оваранд. «Ин мухолифи рукнҳои ислом аст, ки муллогиро чун касб эътироф намекунад», - гуфт ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки чунин амалҳо метавонанд ба тафриқаандозии ҷомеаи Тоҷикистон боис гарданд. «Имрӯз нерӯҳои мушаххасе мехоҳанд, ки инсони дунявиеро тарбия намоянд, ки барояш рукнҳои ислом бегонаанд ё инсони диндореро ба воя расонанд, ки ба мушкилоти олами дунявӣ таваҷҷӯҳе надошта бошад», - мегӯяд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ду нафар – раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва муовини ӯ Умаралӣ Хисайнов намояндагӣ мекунанд.
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2025
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста