Русия нияти ҷорисозии раводид бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро надошт ва надорад. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сафири супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Русия Анвар Азимов хабар дод.

Ба гуфтаи дипломат, мусоҳибаи телевизионии ӯ «мавриди таҳрифи зиёд» қарор гирифта, посухи ӯ дар бораи масъалаи раводид «аз матн носаҳеҳ» пешниҳод гардидааст.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ» , Анвар Азимов дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии «Дождь» гуфтааст, ки Русия омода аст, ба хотири таъмини амнияти марзҳояш бо Осиёи Марказӣ равобит бо Тоҷикистон  ва Ӯзбакистонро аз тариқи раводид ба роҳ монад.

Дипломат итминон дод, ки айни замон масъалаи ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ матраҳ нест ва тамоми масоили марбут ба он бо назардошти манфиатҳои тарафайн ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

«Мо муносибатҳо бо Тоҷикистону Ӯзбекистонро қадрдонӣ намуда, онҳоро шарикони стратегии худ мешуморем ва минбаъд низ ба ҳалли масоили дуҷониба ба нафъи мардуми кишварҳоямон кӯшиш ба харҷ хоҳем дод», - иброз дошт А.Азимов.