Муҳиддин Кабирӣ, Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо даъвати роҳбарияти ширкати "Алҷазира" - яке аз маъруфтарин шабакаҳои иттилоотии ҷаҳон, дар форуми 7-уми он ширкат ва суханронӣ хохад кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии хНИТ, ин форум дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар баргузор гардида, байни коршиносон номи "Давоси Шарқ"- ро гирифтааст ва дар фаъолиятҳои он сиёсатмадорону сармоягузорон ва  коршиносони маъруф ширкат мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, форуми имсола таҳти унвони "Олами нав ва фурсатҳои нав" баргузор мегардад ва мутахассисон талош мекунанд, ки роҳҳои асосии истифодаи фурсатҳои навро барои кишвархои Шарқ баррасӣ намоянд.

Аз кишварҳои собиқ Шуравӣ инчунин академик Наумкин, директори Институти шарқшиносии Русия низ ба ин форум даъват шудааст.

Дар назар аст, ки дар ҳошияи форум ширкаткунандагон дар мусоҳабаҳо ва дигар фаъолиятҳои телевизиони "Алҷазира" ширкат хоханд кард.