Дар асоси нақшаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аз 12 то 15-уми июни соли равон машғулиятҳои мактаби «Лидерони ҷавон» баргузор мегардад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲХДТ, ба курси кӯтоҳмуддати омӯзишии мазкур беш аз 100 нафар аз зумраи роҳбарони намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ ҷалб карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар мактаби мазкур ба ҷавонон коршиносону мутахассисони соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, ҳуқуқ ва дигар шахсиятҳо дарс гуфта, ҳамзамон дар доираи он баргузории Конференсияи II-уми ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор мегардад, ки дар он аз ҳисоботи мақомоти раҳбарии ташкилот натиҷагирӣ шуда, роҳбарият, Шӯрои марказӣ ва Комиссияи назоратӣ - тафтишотии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз нав интихоб карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар ҷамъбасти фаъолияти мактаб донишу малакаи сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон санҷида шуда, ба онҳо сертификат супорида мешавад.