Ахири ҳафтаи сипаришуда, 21 июни соли равон ёвари махсуси сарвазир-вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Фотимӣ сафири Тоҷикистон Шералӣ Ҷононовро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ ҳарду ҷониб рушди робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ қайд намуданд.

Ба иттилои манбаъ, сафир ҳамсӯҳбати хешро оид ба иқдомҳои Тоҷикистон шинос намуда, раванди омодагириро ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, шарҳ дод.

Гуфта мешавад, диққати махсус ба рушди робитаҳои иқтисодӣ, зарурати истифодаи фаъоли имкониятҳои тиҷоратӣ ва транзитӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои энергетикии минтақавӣ равона карда шуд.