Имрӯз дар шаҳри Алкувайт-пойтахти Давлати Кувайт бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои сафорати Тоҷикистон дар ин кишвари мутараққии арабӣ боз шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷониби Давлати Кувайт ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои сафорати Тоҷикистон муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ ҳамроҳӣ намуд.

Дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ таҳти садои Суруди миллии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд.

Сипас Сарвари давлати Тоҷикистон ва шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ ба хонаи миллии тоҷикӣ, ки дар назди сафорат бунёд ёфтааст, ворид шуда, дар болои кати тоҷикӣ каме фароғат намуданд. Ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароите, ки дар ин бинои нав барои дипломатҳои тоҷик муҳайё гардидааст, баҳои баланд дода шуд.

Зимни суханронии табрикӣ Эмомалӣ Раҳмон боз шудани бинои нави сафорати Тоҷикистонро “рӯйдоди муҳим дар рушди муносибот бо Давлати Кувайт” номида, изҳори умед кард, ки “дар пайравӣ ба ин иқдом дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе низ сафорати муқимии Давлати Кувайт боз мегардад”.

Бо қаноатмандӣ аз баромадани муносиботи ду кишвар ба сатҳи сифатан нав таъкид гардид, ки барои таҳким ва густариши минбаъдаи ин раванд сафоратҳо ва доираҳои дигари масъули ҳарду давлат бояд пайваста ҷаҳду талош намоянд.

Муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оғозбахши марҳилаи нави муносиботи ду кишвар номида, изҳор дошт: “Мо ваъда медиҳем, ки дар ояндаи наздик сафорати Давлати Кувайт низ дар Тоҷикистон боз хоҳад шуд”.