Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи Фармондеҳии марказии артиши ИМА генерал Ллойд Ҷей Остини III-ро ба ҳузур мепазирад.

Чӣ тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод, генерали воломақоми амрикоӣ ҳамчунин бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев низ дидору гуфтушунид хоҳад кард.

Дар сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон зикр карданд, ки ин нахустин сафари шиносоии генерали амрикоӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Бино ба иттилои ВАО-и Афғонистон, генерал Ллойд Ҷей Остини III, ки моҳи марти ҳамин сол ба ҳайси фармондеҳи Фармондеҳии марказии артиши ИМА ба фаъолият шурӯъ намуд, рӯзи шанбеи ҳафти гузашта бо президенти Афғонистон Ҳамид Карзай гуфтушунид анҷом додааст.