Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон сомонаи расмии худ - http://hsdtaj.org/tj/ дар шабакаи ҷаҳонии Интернетро боз намуд.

Ҳанӯз 25-уми июли соли равон раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» доир ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ изҳор дошта буд, ки тавассути торнамои мазкур ҳизб минбаъд шаҳрвандонро бо барнома ва андешаҳои номзади ҳизб ба мансаби президентӣ шинос хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки айни замон сомонаи ҲСДТ бо забонҳои тоҷикиву русӣ фаъол аст.

ҲСДТ соли 1998 бо номи Ҳизби адолат ва рушд таъсис ёфта буд. Таҳти номи имрӯза ҳизб 20-уми декабри соли 2002 ба қайд гирифта шудааст.

Тавре дар сомона зикр мегардад, ташаккули давлатдории сотсиалистиву демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси озодиву баробарӣ ва ҳамраъйиву адолати иҷтимоӣ ҳадафи аслии ҲСДТ мебошад.