Вакили Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) аз фраксияи «Ар-Намис» Турсунбой Боқир уулу дар ҷаласаи рӯзи 5-уми сентябри парлумон пешниҳод кардааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон Нуриддин Темиров пас аз марг бо мукофот сарфароз гардонида шавад.

Ин ҷо дар бораи директори кони ангишти «Назарайлоқ», Нуриддин Темирови 59-сола сухан меравад, ки шаби 2-юми сентябр дар маркази маъмурии ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм аз ҷониби шахсони номаълум бо истифода аз силоҳи оташфишон кушта шуд .

Бино ба навиштаи рӯзномаи «Вечерний Бишкек» бо такя ба гуфтаҳои вакили парлумони Қирғизистон, чанд сол қабл Нуриддин Темиров дар ҳалли мухолифатҳо дар вилояти Ботканд кӯшишҳои зиёде ба харҷ додааст.

«Ӯ ба Афғонистон сафар намуда, бо намояндагони толибон гуфтушундҳо анҷом дод ва дар озодии чор нафар гарвагонони ҷопонӣ саҳм гузошт. Сарфи назар аз шаҳрванди Тоҷикистон будани ӯ, хизматҳои ӯ ба Қирғизистон шоистаи таҳсин аст. Биёед пас аз маргаш ӯро қадронӣ кунем, зеро ӯ ба ин арзанда аст», - гуфтааст вакили қирғиз.