Сафари баронесса Саеда Варси, вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Бритониё ба Тоҷикистон ба итмом расид.

Тавре аз сафоратхонаи Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, баронесса Варси бо намояндагони воломақоми ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифи ва вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода мулоқот кард.

Зимни ин вохӯриҳо, баронесса Варси масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар иҷроиши реформаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва густариши равобитҳои тиҷоратии байни Бритониё ва Тоҷикистонро матраҳ намуд.

Инчунин баронесса Варси дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон иштирок намуда, дар ин вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба интихоботи президентии соли ҷорӣ, ҳуқуқи инсон, волоии қонун ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузории Бритониё бо Тоҷикистонро матраҳ намуд.

Ин аввалин сафари баронесса Варси ба Тоҷикистон буд, ки аз равобитҳои густарда ва рӯ ба инкишофи байни ду кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Дар бораи сафараш ба Тоҷикистон баронесса Варси чунин ибрози андеша намуд:

«Ман хело хушҳолам, ки ба Тоҷикистон ташриф овардам. Ҳукумати Бритониё мехоҳад муносибатҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои Осиёи Миёнаро ривоҷ диҳад. Дар рафти вохӯриҳо ман дар бораи рушди Тоҷикистон бисёр маълумот гирифтам, инчунин аз имкониятҳои иқтисодии зиёде ки дар Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст, бахусус дар соҳаҳои хизматрасонии иқтисоди, маориф ва туризм огаҳӣ пайдо кардам. Ман аз душвориҳое ки дар робита бо хурӯҷи қушӯнҳои НАТО дар соли 2014 ба миён меояд, андешаҳомро иброз кардам. Ҳукумати Бритониё омода аст, ки бо Тоҷикистон дар рафъи ин душвориҳое, ки ба миён меоянд ва имкониятҳои фароҳамшуда ҳамкорӣ кунад. Ман беинтизорона интизорам, ки боз ба Тоҷикистон ташриф орам, то ин ки бо дастовардҳои ҳамкории дуҷониба ошно шавам».