Нимаи дуюми рӯзи 6-уми сентябр президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир ва вазири корҳои дин ва ҷомеа Баронесса Саида Варсиро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттили хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.
Барои густариши бештари робитаҳои дуҷониба таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла ба имзо расондани лоиҳаҳои пешниҳодгардидаи созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ, оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, ҳамчунин дар бораи алоқаи ҳавоӣ зарур дониста шуд. Таъкид гардид, ки чунин заминаи ҳуқуқӣ метавонад боиси ҳамкории бесобиқаи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ гардад.
Тавсиаи ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва иртиботот дорои дурнамои умедбахш номида шуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгироии ду кишвар барои таҳкими амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба эҳёи иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон сурат гирифт.
“Кӯдаконро дошта намешавад”. Андешаи сокинон дар бораи манъи идгардак
Иди саиди Қурбон муборак!
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Дар Петербург зани тоҷик худро аз паси писари аз тиреза афтодааш ба замин партофт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста