Дар доираи сафари корӣ ба водии Рашт дар ҳузури сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти ммматбуоти сарвари давлат, ар ин бино барои ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, тамоми утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст. Бинои Раёсат дорои маҷлисгоҳ барои 60 ҷойи нишаст ва 65 утоқи корӣ мебошад.

Дар доираи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт парда аз болои муҷҷасамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ бардошта, ба фаъолияти бинои нави мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои зертобеъи он расман оғоз бахшид.

Дар саҳни бинои нави мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, дар атрофи он фавораҳо низ бунёд гардидааст. Бинои мақомот аз 4 ошёна иборат буда, бо маблағи 7 миллиону 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохта шуда, дорои 75 утоқи корӣ ва 2 толори маҷлисгоҳ мебошад.

Бо иштироки президенти Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Рашт бинои нави филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷпромбонк” ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 1 миллиону 162 ҳазор сомонӣ сохта шудааст ва дорои 22 утоқи корӣ мебошад. Филиалҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷпромбонк” дар ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол ифтитоҳ ёфта, ҳамзамон фаъолияти босамар доранд.

Сарвари давлат бо шароити утоқҳои кории филиали бонки мазкур шинос гардида, таъкид намуд, ки хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд. Масъули бонк бо ҳидояти Президенти мамлакат уҳдадорӣ гирифтанд, ки 3 километр роҳи маҳалиро пурра мумфарш менамоянд.

Дар деҳаи Белгии ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва меҳнати дастии бошандагони ноҳия ширкат варзид. Дар ин намоишгоҳ кишоварзону хоҷагидорон навъу намудҳои гуногуни неъматҳои моддӣ, аз ҷумла себу нок, олуву шафтолу, чормағз ва дигар анвои маҳсулоти маҳалиро ба маъраз гузоштанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон, занбури асалпарварон ва боғдорони ноҳия бобати васеъ намудани майдони кишти картошкаву боғҳои нав, истифодаи тухмиҳои хушсифат, эҳёи навъу намудҳои гуногуни маҳсулоти маҳалӣ аз қабили себу нок дастуру ҳидоят дод.

Ҳамчунин дар ҳамин мавзеъ Президенти мамлакат дар хоҷагии деҳқонии Аҳмадовҳо, ки роҳбарии онро собиқ фармондеҳи неруҳои мухолифин дар минтақа Мирзохӯҷа Аҳмадов ба уҳда дорад, бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии Аҳмадовҳо дорои 3 гектар замин буда, имсол дар як гектари он кишти картошка ва қитъаҳои дигар боғи нав бунёд намудаанд. Деҳқонони хоҷагӣ азм доранд, ки аз кишти картошка зиёда 400 сентнер ҳосил ба даст биёранд.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба истифода дода шуд, ки дар он 500 нафар толибилм ба донишомузи фаро гирифта мешаванд.

Бинои нави факултети табиӣ риёзӣ дорои 33 утоқу синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла ду синфхонаи компютерӣ, кабинетҳои физика, химия ва биология буда, дар он озмоишгоҳи муҷаҳаз бо техникаи муосир мавҷуд мебошад.

Бинои иловаги таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон бо харҷи 5 миллиону 500 ҳазор аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо сифати баланд сохта ба истифода дода шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамоати деҳоти Боқи Раҳимзода ташриф оварда, бинои навбунёди маркази истеҳсолӣ – таълимӣ ва лагери истироҳатиро барои 180 нафар хонанда расман ифтитоҳ намуд.

Тавре аён гардид ин муассисаи истеҳсолии таълимӣ барои дастгирии фарзандони оилаҳои ниёзманд ва ятиму бепарастор фаъолияташро ба роҳ монда, дорои 22 утоқи кориву омузиши аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, дӯзандагӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Хамчунин дар ин марказ 30 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидааст. То имрӯз курси семоҳаи дӯзандагиро 90 нафар духтар хатм намуда 100 нафар ҷавон низ забони англисиро аз худ намуданд.

Барои бо усули замонавии оддӣ ва мутобиқу кам харҷ парвариш намудан ва омӯзонидани аҳолӣ бо ин технология дар Маркази истеҳсолӣ – таълимӣ 5 мурғхона ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 2 ҳазору 500 сар мурғ парвариш карда мешавад.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба истифода дода шуд, ки дар он 500 нафар толибилм ба донишомузи фаро гирифта мешаванд.

Бинои нави факултети табиӣ риёзӣ дорои 33 утоқу синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла ду синфхонаи компютерӣ, кабинетҳои физика, химия ва биология буда, дар он озмоишгоҳи муҷаҳаз бо техникаи муосир мавҷуд мебошад.

Бинои иловаги таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон бо харҷи 5 миллиону 500 ҳазор аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо сифати баланд сохта ба истифода дода шудааст.