Номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) Ойниҳол Бобоназарова дар посух ба саволҳои хонандагони ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки агар мардуми Тоҷикистон ӯро ба сифати сарвари давлат интихоб намояд, ӯ Тоҷикистонро аз президенти амалкунанда беҳтар идора карда метавонад.

Ба гуфтаи ӯ, дар таърих мисолҳои зиёде мавҷуданд, ки актёрону, драматургҳо, табибон ва дигар афроди касбу кори гуногун ба мансаби президентӣ интихоб шудаанд.

«Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамтояш Лукашенко зимни директори совхоз буданаш президент интихоб шуд. Аз ин рӯ, чун омил ин ҳеҷ таъсире надорад. Дар робита ба худи ман бошад, бар ин назарам, ки ҳаёти тайкардаи ман, маълумот, мавқеи умумии сиёсӣ, таҷриба ва сатҳи омодагии маълумоти умумӣ ва тайёрии касбӣ, маъруфиятам дар доираҳои васеъ имкон медиҳанд, ки давлатро на бадтар аз имрӯза идора кунам ва шояд аз ин ҳам беҳтар, агар мардум чунин қарор кунад», - зикр кард Бобоназарова.

Матни комили мусоҳибаи онлайнро бо суроғаи мазкур дарёфт карда метавонед.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва сарвари созмони "Перспектива+". Соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатиро хатм кардааст. То соли 1976 дар аспирантураи Академияи илмҳо кору таҳсил карда, баъди дифоъ аз рисолаи номзадиаш ба ҳайси устод дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатӣ ба кор пардохт ва то мақоми декани ин факулта расид. Соли 1990 дар пайи таъсиси Ҳизби демократи Шодмон Юсуф ба ин ҳизб пайваст.

Соли 1994 дар пайи ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан барои як моҳ боздошт шуд.

Аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқи башар кор кардааст. Аз ҳамон сол то соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Аз соли 2007 раҳбари созмони ғайридавлатии "Перспектива +" аст, ки дар ҳоли ҳозир яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин, ба мақоми муовини додситони кулл пешбарӣ шуд, вале ин мақомро напазируфт.

Шавҳараш Ҷунайдулло Ибодов аз ҳуқуқшиносҳои маъруфи тоҷик аст.

Духтараш Парвина Ибодова раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет буда, писараш Ҷовид дар Шӯрои адлия кор мекунад. Домоду келинаш низ ҳуқуқшиносанд. Ойниҳол Бобоназарова 4 набера дорад.