Бегоҳии рӯзи 25-уми сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии бошандагони ҷамоати деҳоти ин ноҳия шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин намоишгоҳ сокинони касбу кори гуногуни ноҳия маҳорати волои касбии хешро тавассути ҳунарҳои кандакорию чӯбтарошӣ, табақтарошию кашидадӯзӣ, сабадбофию зардузӣ, оҳангарию кулолгариро ба маъраз гузоштанд, ки ҳар кадом таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт дар тӯйи хонадоршавии 28 ҷуфт ҷавонони хуштолеъ ширкат варзида, ба оилаҳои навбунёд туҳфаҳои арзишманд тақдим кард. Ҳамзамон аснои баргузории ин маҳфили хурсандӣ тӯйи дастаҷамъонаи 110 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд, ки бошандагони ҷамоатҳои деҳоти ҳамин ноҳия мебошанд, баргузор карда шуд. Президенти Тоҷикистон ба ҳама ин кӯдакон низ дучархаҳо ва дигар туҳфаҳои қиматнок ҳадя кард. Ба 30 нафар ятиму бепарастор Сарвари давлат дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо 1100 сомонӣ пасандоз барои ояндаашон тақдим намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баъдан дар ҳузури қариб 7 ҳазор нафар сокини ноҳияи Рашт суханрони намуда, ҳозиринро ба ҷашни 22-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳният гуфт ва дастовардҳои ин марҳилаи таърихиро назаррас маънидод кард.