Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз иштирок дар маъракаи интихоботи президентии ба санаи 6-уми ноябр таъиншуда худдорӣ мекунад.

Дар Баёнияи муштараки Шурои сиёсии ҲНИТ ва номзади ягонаи ИНИТ дар ин робита зикр мегардад, ки Шурои сиёсии ҲНИТ ва номзад Ойниҳол Бобоназарова вазъи ба вуҷуд омада дар раванди интихоботи президентиро баррасӣ намуда, бо сабаби сабти ном нашудани номзад, аз ширкат дар интихобот худдорӣ менамоянд.

«Мавқеъи Шурои сиёсии ҲНИТ ва номзад оид ба натиҷаҳои интихобот пас аз ҷамъбасти расмии он эълон хоҳад шуд», - гуфта мешавад дар Баёния.

Дар ҳамин ҳол, зимни суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» узви Шӯрои олии ҲНИТ ва муовини раиси ҳизб Маҳмадалии Ҳайит дар ин робита изҳор намуд, ки «худдорӣ варзидан аз иштирок дар интихобот маънои онро надорад, ки ҲНИТ онро таҳрим (бойкот) мекунад, аммо дар маъракаи интихоботӣ аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз овоздиҳӣ даст мекашанд».

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, то субҳи рӯзи 11-уми октябр номзад аз ҲНИТ ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова миқдори зарурии имзоҳо ба ҷонибдории худ – 210 ҳазор имзоро ҷамъоварӣ карда натавонист. Роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод, ки номзади ҲНИТ Бобоназарова аз маъракаи интихоботӣ хориҷ карда мешавад.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.