Имрӯз комиссияҳои интихоботии қитъавӣ таҳияи рӯйхати интихобкунандагон дар қитъаҳоро ба итмом расонида, аз пагоҳ, 23-юми октябр ба шаҳрвандони ба овоздиҳии пеш аз муҳлат имкон дода мешавад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод,  зимни гирифтани варқаи овоздиҳӣ интихобкунанда муқобили ному насбаи худ дар рӯйхати интихобкунандагон имзо гузошта, шакли варақаи интихоботӣ аз ҷониби КМИР муайян карда мешавад.

«Шаҳрванде, ки хоҳиши пеш аз муҳлат овоздиҳиро дорад, бояд ба комиссияи интихоботии қитъавӣ ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи дар рӯзи интихобот дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур надоштани худро пешниҳод намояд», - гуфт ӯ.

Ба қавли Додоев, билетҳои парвоз тариқи ҳавопаймову сафар тавассути роҳи оҳан, варақаҳои маъмурии сафари хидматӣ, нома аз корхона бобати ба сафари хидматӣ равона гардидани корманд ва шиноснома аз ҷумлаи ин ҳуҷҷатҳоянд.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.