Чанде қабл роҳбари бахши ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода ба намояндагони гурӯҳи нозирони Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ) таҳти сарварии сафир Парсакива Бадеску дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон мулоқот орост.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод, ба меҳмонон роҷеъ ба тадбирҳои анҷомёфта ва чорабиниҳои оянда дар доираи маъракаи пешазинтихоботии ҳизб маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар навбати ху П.Бадеску изҳор намуд, ки гурӯҳи нозирони САҲА аз 13 коршиноси байнулмилалии дар Душанбе қарордошта, 16 нозири дарозмуҳлат, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва 150 нозирони кутоҳмуҳлат, ки дар арафи интихобот ба Тоҷикистон меоянд, иборат аст.

Қобили зикр аст, ки дар ҳайати гурӯҳи нозирони Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ)  аз 22 кишвари дунё нозирону коршиносон ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард.