Дафтари кории марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Борбади пойтахт воқеъ аст, муҳрзада боқӣ мемонад. Ин бино рӯзи 24 август бо қарори Суди иқтисодии пойтахт бар асоси пешниҳоди Прокуратураи генералӣ муҳр зада шуда буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ дар ин робита хабар дод, он замон судиҷрочиёне, ки дарҳои биноро муҳр зада буданд, изҳор намуда буданд, ки баҳси қонунӣ будани харидории бино бояд дар муддати даҳ рӯз ҳал шавад. «Лекин бо сабабҳои барои мо номаълум то имрӯз ҳалли баҳс ба дарозо мекашад», - гуфт манбаъ.

Дар робита ба санаи дақиқи баргузории анҷумани ҳизб, манбаъ зикр кард, ки дар чунин вазъи бавуҷудомада дар бораи санаи саҳеҳи баргузор намудани анҷуман сухан гуфтан барвақт аст.

Ёдрас мекунем, ки он замон Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ дар ин робита изҳор дошта буд, ки дар вақташ ин бино ғайриқонунӣ харида шудааст. Қаблан ин бино ба ширкати «Тиҷорат» тааллуқ дошта, ҲНИТ онро аз ҳамин ширкат харидааст.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо қарори худ аз 4 сентябр вобаста ба ҳаводиси ахиран дар кишвар рухдода, ҳамчунин таҳдиду фишорҳои рӯзафзун болои бахшу шӯъбаҳои ҲНИТ дар маҳалҳо ва инчунин бо қарори Суди иқтисоди шаҳри Душанбе баста шудани қароргоҳи марказии ҳизб, баргузории анҷумани навбатиро ба вақти дигар мавқуф гузошт.

ҲНИТ анҷумани навбатии худро санаи 15 сентябр баргузор карданӣ буд, вале 24 август бо қарори суди иқтисодии пойтахт дафтари кории марказии ҳизб муҳр зада шуд. Ба сифати дафтари корӣ ҲНИТ манзили яке аз роҳбарони ҳизбро интихоб намуд.

Вазорати адлияи Тоҷикистон дар изҳороти расмӣ фаъолияти ҲНИТ-ро ғайриқонунӣ хонд. Рӯзи 28 август Вазорати адлия ба ҲНИТ огоҳинома ирсол намуда, қатъи фаъолияти ғайриқонуниро талаб кард.

Дар ин санад зикр гардида буд, ки дар 58 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкилоти ибтидоии ҲНИТ фаъолияти худро қатъ карда, аз ин рӯ, ҲНИТ наметавонад худро ҳизби умумиҷумҳуриявӣ муаррифӣ кунад ва анҷуман баргузор намояд.

Дар ҳамин ҳол, ҲНИТ қайд мекунад, ки Вазорат нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбро аз 58 шаҳру ноҳияи ҶТ оид ба қатъи фаъолият дастрас намудааст ва гӯё нусхаи аслии онҳо ба Раёсати Олии ҲНИТ ирсол шуда бошад, ки ин гуфта дур аз воқеъият мебошад. Ҳамин тариқ, мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ва Оинномаи ҳизб, танҳо Раёсати Олии ҳизб ваколат дорад, сохторҳои ҳизбӣ ва ниҳодҳои заруриро таъсис ва барҳам диҳад. Бинобар ин, протоколҳои мазкур эътибори ҳуқуқӣ надоранд ва даъвои вазорат барои баррасии онҳо аз тарафи Раёсати Олии ҳизб бепоя мебошад.

«Ҳарчанд сохторҳои маҳаллии ҳизб зери фишори мақомот қарор доранд, аммо фаъолияти онҳо ҳамоно идома дорад. Дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда дар Огоҳиномаи Вазорати адлия, ки гӯё фаъолияти ҳизб қатъ шудааст, фаъолияти ҳизб мунтазам идома ёфта, ба мақомоти болоии ҳизб гузоришҳои хаттӣ ва санадҳои дохилиҳизбӣ фиристода мешаванд. Дар сурати зарур шуморидани Вазорати адлияи ҶТ, мақомоти ҲНИТ омода аст, ки ин санадҳоро дар ихтиёри онҳо вогузор намояд. Қатъи иҷбории сохторҳои маҳаллӣ аз тарафи мақомот ва гузориш дар ин бобат ба вазорат ғайриқонунӣ ва дур аз воқеъият мебошад», - зикр мегардад дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҳизб.

ҲНИТ ҳамчунин ба маълумоти Вазорати адлия мерасонад, ки фишорҳо ва қонуншиканиҳо ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуда буданд ва пас аз интихоботи соли 2015 ба авҷи аълои худ расиданд ва то алҳол бо шеваҳои гуногун идома доранд.

«Қонуншиканиҳои мақомот болои ҲНИТ то ҳадде ошкоранд, ки дигар аз чашми мардум ва коршиносони дохиливу хориҷӣ пинҳон намондааст, аммо вазорати масъули назорати аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ худро аз ин раванд бехабар ба намоиш гузоштанист. То ба ҳол санадҳову далелҳои зиёде дар бораи қонуншиканиҳо ва ҳуқуқпоймолкунии мақомоти давлатӣ алайҳи ҳизб ва аъзои он дар ихтиёри ниҳодҳои тафтишотӣ, ВКД, КДАМ, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Суди Олии ҶТ гузошта шуд, ки қисме аз онҳо дар ВАО низ ба нашр расиданд.Ҷои нигаронист, ки то ба ҳол ҳеҷ мақоми расмии давлатӣ, бахусус Вазорати адлия ва ҳатто Президенти ҶТ барои гирифтани пеши роҳи ин ҳама қонуншиканиҳо ҳеҷ иқдоме накардаанд ва вазифаи аслии риояи қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро фаромӯш сохтаанд», - қайд мекунад Шӯрои сиёсии ҲНИТ.