Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи олӣ сарвари давлати Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор намуд, ки Қазоқистон ба дастгирии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон манфиатдор аст.

«Тоҷикистон давраҳои душворро паси сар намуд ва мо ҳамеша паҳлӯи мардуми тоҷик будем», - гуфт Назарбоев ва таъкид дошт, ки «мо мувофиқи имкон ҳам кумаки гуманитариву ҳам кумаки ҳарбӣ-техникӣ расонидем».

Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки “Ҳамаи солҳои истиқлолият миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳеҷ гуна мушкилоти сиёсию дигар вуҷуд надошту надорад. Мо бисёр хоҳони суботу оромӣ дар Тоҷикистонем, зеро вай барои мо шарики басо муҳим аст. ”.

Ӯ вазъи ҳамкории ҷонибҳоро ғайриқаноатбахш хонда, таъкид дошт, ки «ҳамкориҳои иқтисодӣ барои мо хеле муҳиманд ва мо оид ба рушди ҳамкориҳо дар ин самт мувофиқа ҳосил кардем». «Мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи рушди иқтисоди Тоҷикистон омодаем», - иброз дошт Назарбоев.

Бо зикри муҳим будани масъалаи рушди бахши гидроэнергетика барои Тоҷикистон, сарвари давлати Қазоқистон зикр кард, ки «ба мо (кишварҳои минтақа) оид ба масоили обу энергетика созиш ҳосил кардан зарур аст».

Ҳамчунин президенти Қазоқистон нисбат ба дастгирии Тоҷикистон дар ҳифзи марз бо Афғонистон изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки «Тоҷикистон оғози марзҳои ҷанубии кишварҳои узви ИДМ мебошад».