Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ки дар ҷараёни амалиёти махсус барои несту нобуд кардани дастаи террористии собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назаров ба ҳалокат расиданд, ҳамдардии амиқ баён намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба роҳбарони сохторҳои мақомоти дахлдор супориш дода шудааст, ки оилаҳои шахсони ҳалокшударо бо кумаку ғамхории ҳамаҷониба фаро гиранд.

Ғайр аз ин, Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомие, ки дар ин амалиёти махсус ширкат намуданд ва ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар самти дастгир кардани террористон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ фаъолона ҳамкорӣ доштанд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Амалиёти махсус алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода рӯзи 4 сентябр баъди ҳуҷуми аъзои ин гурӯҳ ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо дар маҷмӯъ 13 нафар кормандони мақмоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ ба ҳалокат расиданд.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр дар бораи комилан анҷом ёфтани амалиёти махсус оид ба безарар гардонидани гурӯҳи  ҷиноятпешаи собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода хабар доданд.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқ вазири мудофиа ҳамроҳ бо ҳаммаслакони худ дар қаламрави дараи Ромит паноҳ бурданд. Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, зимни амалиёти мхсус беш аз 100 нафар аъзои гурӯҳ боздошт ва боз зиёда аз 30 тан аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша кушта шуданд.