Се нафар аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шоми рӯзи 16 сентябр аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошт шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ дар ин робита иттилоъ дод, аъзои Шӯрои сиёсии ҳизб Зарафо Раҳмонӣ, Зубайдулло Розиқ ва Абдуқаҳҳори Давлат боздошт шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки аз ҷониби кормандони КДАМ қаблан боздошти муовинони раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайит сурат гирифта буд.