Рӯзи 16 сентябри соли 2015 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Украина сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Украина Елена Зеркал супорид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз маросими супоридани нусхаи Эътимоднома мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Украина Е. Зеркал бо сафири Тоҷикистон дар Украина баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, савдо,  фарҳангу маориф ва зарурати ривоҷи бештари онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар навбати худ сафири Тоҷикистон дар Украина зимни суҳбат оид ба дастовардҳо ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон тайи солҳои охир ибрози ақида намуда, ҳамзамон аз ҳамкорӣ бо Украина дар бахшҳои муҳими иқтисоди ҷумҳурӣ ибрози миннатдорӣ намуд.

Ҳамчунин дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳо ва масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн суҳбат карданд.