Дар доираи сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шахри Турсунзода бо иштироки ӯ як қатор иншооти нави таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳр Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти ду корхонаи бузурги истеҳсолӣ - Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар оғози расмӣ бахшид.

Зимни боздид аз ин корхонаи дорусозӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо харҷи беш аз 60 миллион сомонӣ навсозӣ гардида, дар ин ҷо бо истифода аз техналогияи пешрафтаи хориҷӣ зиёда аз 20 намуди маводи доруворӣ истеҳсол карда мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як басти корӣ 32 ҳазор адад зарфҳои маҳлулҳои обӣ буда, дар оянда бо насби хатҳои технологии нав истеҳсоли маводи доруворӣ дар шакли ҳаб, ғилофак ва ампулаҳо ба роҳ монда мешавад. Дар корхонаи дорусозӣ 120 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд ва дар оянда бо васеъ гардидани фаъолияти корхонаи мазкур шумораи коргарон афзоиш хоҳад ёфт.

Дар корхонаи маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар, ки аз ҷониби Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Вежа” бунёд ёфтааст, истеҳсоли 3 намуди хишти сохтмонию ороишӣ ва 20 намуди маҳсулоти чиниворӣ ва сафолӣ ба роҳ монда шудааст.

Корҳои барқарорсозии бино ва насби технология дар маҳсулоти чиниворӣ асосан соли 2014 шуруъ гардида, аз тарафи соҳибкорони ташаббускори ватанӣ дар давоми як сол ба фаъолият оғоз кард. Тибқи иттилоъи масъулин барои барқарорсозии хати технологии истеҳсоли хиштҳои сохтмонӣ ва ороишӣ 500 ҳазор доллари амрикоӣ харҷ шудааст.

Барои таҷдиду азнавсозии коргоҳи чинибарории корхона бошад, 300 ҳазор доллар сарф гардид. Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳа ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ иқтидори истеҳсолии корхона давра ба давра ба 500 ҳазор дона маҳсулоти чиниворӣ хоҳад расид. Бо таъсиси корхона қариб 200 нафар сокинон бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳр дар фазои тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ  ба фаъолияти филиали Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи «Спитаменбонк» оғоз бахшид.

Бунёди иншооти мазкур моҳи апрели соли 2013 шуруъ гардида, бо харҷи зиёда аз 5 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2015 бо сифати баланд ба анҷом расид. Бинои «Спитаменбонк» аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 утоқи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир мебошад.

То имрӯз кормандони филиали Спитаменбонк дар бинои иҷоравӣ фаъолият мекарданд ва бо кӯшодашавии ин филиали бонк шумораи умумии кормандон ба 29 нафар расонда шуд. Филиали ҶСП «Спитаменбонк» ба 458 мизоҷ, аз ҷумла ба 276 соҳибкори хурду миёна, 48 хоҷагии деҳқонӣ ва 134 нафар қарз додааст. Аз шумораи умумии муштариёни филиали бонк 174 нафарашро занони соҳибкор ташкил медиҳанд.