Шоми рӯзи 27 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи Саммити ҷашнии 70-солагии Созмони Миллали Муттаҳид бо Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте мулоқот намуда, зимни вохӯрӣ оид ба масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Нидерланд мубодилаи афкор сурат гирифт.
"Тоҷикистон ба густариши муносибатҳо бо Шоҳигарии Нидерланд манфиатдор буда, таҳкими иртиботот бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз вазифаҳои умдаи сиёсати хориҷии мост", -гуфт дар оғози суҳбат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарвазири Шоҳигарии Нидерланд низ ба густариши ҳамкории судбахш ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ кард.
Таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ҳамкории мутақобилан судбахши Тоҷикистону Нидерланд фаровонанд ва барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо эҷоди заминаи мутаносиби ҳуқуқию қарордодӣ зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки чӣ дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва чӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо дар масоили таҳкими амнияти минтақа, тақвияти марзҳо, ҷалби сармоя, ҳифзи муҳити зист, коҳиш додани камбизоатӣ, мудирият ва истифодаи захираҳои обу энергетикаи минтақа, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ ҳамкории муассир дошта бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии вазорату идораҳои дахлдор барои истиқболи гӯрӯҳи ширкатҳои кишоварзии ҳолландӣ, ки бо мақсади шиносоии имкониятҳои кишвар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меоянд, ёдовар шуда изҳори умед кард, ки "ин сафари ширкатҳои кишоварзии Шумо ба рушди муносибатҳои мо такони тозае хоҳад дод."
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста