Президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 66-умин солгарди ташкили Ҷумҳурии Мардумии Чин ба раиси ин кишвар Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад: «Муҳтарам ҷаноби Раис, Барои ман боиси қаноатмандии бузург аст, ки ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чин табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини хешро дар иртибот ба 66-умин солгарди ташкили Ҷумҳурии Мардумии Чин баён дорам».
Дар барқия сарвари давлати Тоҷикистон зикр мекунад, ки дар даҳсолаи охир Чин дар кори дигаргунсозии куллӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишвар ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки бо шарофати он Чин дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро касб кард.
«Мо ба сатҳи кунунии ҳамкории мутақобилан судманди бисёрҷонибаи стратегӣ бо Чин, ки дар солҳои охир барои тавсеа ва тақвияти минбаъда ҷараёни муқтадир гирифт, баҳои баланд медиҳем. Бовар дорам он ҳуҷҷатҳое, ки мо дар ҷараёни сафари кории чанде пеш ба кишвари зебои Шумо анҷомдода ба имзо расонидем ва кӯшишҳои қобили қабули ҷонибҳо ба рушди муътадили ҳамкории мутақобилаи бисёрҷанба ҷараёни нав мебахшанд», - омадааст дар барқия.
Ҳамчунин изҳори бовар мешавад, ки бо кӯшишҳои муштарак кишварҳо ба ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин, ки ба манфиати аслии мардумони ин давлатҳо ҷавобгӯянд ва омили муҳими сулҳу субот дар минтақа маҳсуб мешаванд, ҷараёну инкишофи тоза бубахшанд.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста