Роҳбари ҳукумати Каталония Карлес Пучдемон ба Белгия рафт, изҳор доштааст адвокати кирокардаи ӯ Пол Бекаерт.

Бино ба иттилои ВВС, ӯ гуфтааст, алҳол дар Белгия паноҳгоҳи сиёсӣ дархост кардани Карлес Пучдемон маълум нест ва дар сурати лозим шудани ҳимояти ҳуқуқӣ, ӯ аз манфиатҳои сиёсатмадор пуштибонӣ хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки мақомоти прокуратураи Испания нисбати Пучдемон ва ҳамкорони ӯ дар ташкили ошӯб вобаста ба раъйпурсии 1 октябр оид ба истиқлолияти Каталония айбнома пешниҳод карданист. Ин раъйпурсиро Мадрид ва Брюссел эътироф накарданд.

Парлумони Каталония ба хориҷи шудан аз ҳайати Испания овоз дода, эъломияи дахлдор дар ин бораро тасдиқ кард. Дарҳол баъди ин сенат дар ин автономия идоракунии мустақим аз Мадридро ҷорӣ карда, ҳукумати Испания дар бораи пароканда эълон шудани парлумони Каталония ва таъини интихоботи нав дар санаи 21 декабр қарор қабул намуд.

Сарвазири Испания Мариано Рахой аз мансаб барканор шудани роҳбари ҳукумати Каталония Карлес Пучдемонро эълом дошта, ваъда дод, ки ба ғайриқонунӣ эътироф шудани эъломияи истиқлолияти Каталония ноил хоҳад гашт.