Дар шаҳри Душанбе шоми рӯзи 8 ноябр бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Эрону Тоҷикистон Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Сироҷиддин Аслов маросими ифтитоҳи бинои нави сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз намояндагии дипломатии Эрон дар Душанбе хабар дод, пас аз маросими расмӣ роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии кишварҳо бо шароити кору будубоши дипломатҳои эронӣ дар ин бино аз наздик шинос шуданд.

Изҳори итминон шуд, ки дипломатҳои эронии муқими Душанбе минбаъд низ баҳри густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Қобили зикр аст, ки бинои нави сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, дар наздикии биноҳои сафоратхонаҳои Русия, Афғонистон ва Олмон ҷойгир шудааст.

1/6

Мувофиқи Нақшаи генералии Душанбе, бинои пешинаи сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон, ки аз соли 1992 дар кӯчаи Теҳрон, паҳлӯи бинои парлумон ҷойгир аст, кӯчонида мешавад.