Дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва Вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар шаҳри Самарқанд  вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом дод.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот бо Намояндаи Олии ИА оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон бо ИА, аз қабили амният, рушди иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон ва Стратегияи ИА барои Осиёи Марказӣ қарор гирифта, илова бар ин мусоҳибон дар мавзӯи ҳамкориҳои судманд дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ мавзӯи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 низ матраҳ гардид.


Зимни вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ, масоили марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуда, ҳамчунин густариши беш аз пеши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, коммуникатсия, ҳамлу нақл, саноат, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ дар таъмини рушди босуботи Афғонистон, татбиқи тарҳҳои зерсохторӣ ва барномаҳои иқтисодию энергетикии дорои аҳамияти миллию минтақавӣ зарур таъкид гардид.


Гуфта мешавад, дар ҷараёни дидору гуфтушунид бо Комиссари Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд ҷаноби Невен Мимитса масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва ИА, роҳҳои таҳкими ҳамдастӣ дар ҷодаи татбиқи Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030 ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима шуданд.


Ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ Мирослав Енча ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои фарогир миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла ниҳодҳои тахассусии онро муҳокима намуда, масоили мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ ва вазъият дар минтақа низ дар меҳвари музокирот қарор доштанд.


Ёдрас мекунем, ки дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон Вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар кори он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини ширкат варзиданд. Дар фарҷоми Вохӯрӣ вазирон Баёнияи муштаракро қабул намуданд.