Дар Душанбе рӯзи 14 ноябр таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва вазири энергеткаи Эрон Ризо Ардакониён ҷаласаи навбатии Комисиияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ,, илмиву техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Эрон, зимни ҷаласа Усмоналӣ Усмонзода ҳамкориҳо бо Эронро самти афзалияноки сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон унвон карда, нақши муҳими нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2»- ро, ки аз ҷониби Эрон сохта шудааст, дар таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кардааст.

Ӯ ҳамчунин сармоягузориҳои мустақими Эронро барои рушди бахшҳои саноату сохтмон, энергетика васоҳаи кишоварзии Тоҷикистон таъкид намуда, доир ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо ибрози назар кардааст.

Вазири энергетикаи Эрон Ризо Ардакониён Тоҷикистонро «хонаи дуюми эрониҳо» унвон карда, изҳор доштааст, ки ҷаласаи кунунӣ дар остонаи 26-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ Миёни Эрону Тоҷикистон доир мегардад.

Бо назардошти ин, вазири эронӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир муносибатҳо миёни Тоҷикистону Эрон каме ба сардӣ гаравида, ҳамагӣ давоми чанд сол ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо аз 230 млн. доллар дар соли 2014 то ба 115 млн. доллар дар соли 2016 коҳиш ёфт.

Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Эрон ҳамагӣ 63 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 фоиз камтар аст. Чанд сол пеш Эрон дар қатори Русия, Чин, Қазоқистон ва Туркия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дониста мешуд.