Раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия Владимир Жириновский аз 31 октябр то 2 ноябр бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.
Дар ҷараёни сафар вохӯрии ӯ бо чанде аз вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва раҳбарияти баъзе ҳизбҳои сиёсӣ дар назар аст, хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи муносибатҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Олим Салимзода.
Ҳамчунин Владимир Жириновский ният дорад, ки бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот ороста, аз Қалъаи Ҳисор боздид намояд.
Дидору гуфтушуниди раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия бо раҳбарияти олии Тоҷикистон ба нақша гирифта нашудааст.
Қобили зикр аст, ки сиёсатмадори рус Владимир Жириновский бо изҳороти пурсарусадоҳояш дар Тоҷикистон маъруф аст. Соли 2013 ӯ дар робита ба афзоиши нархи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки дигар Русия муҳоҷирони тоҷикро қабул накарда, дар натиҷа вазъ дар Тоҷикистон муташанниҷ ва Эмомалӣ Раҳмон чун Наҷибулло ба дор овехта мешавад.
Санаи 24 апрели ҳамон сол вакилони иҷлосияи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ин изҳорот нигаронӣ баён намуда, раиси палата Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки гуфтаҳои Жириновский “ба ягон чаҳорчӯби ахлоқӣ ва сиёсӣ мутобиқ нестанд”. ВКХ Тоҷикистон рӯзи 23 апрели соли 2013 ба сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов дар ин робита нотаи эътирозӣ супурд.
Моҳи феврали соли 2014 Жириновский дар бораи таъсиси “ҳавзаи федералии Осиёи Миёна” изҳори назар кард. Дар ин робита Вазоратҳои корҳои хориҷии Қирғизистон ва Қазоқистон ба Русия нотаи эътирозӣ ирсол намуданд, лекин ВКХ Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ зоҳир накард, зеро бар ин назар буд, ки ақидаи ин сиёсатмадор баёнгари мавқеи расмии ҳукумати Русия нест.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Шахсони ниқобпӯш ва бо либосҳои сиёҳ. Сокинони Конибодом дар ҳаросу мақомот хомӯш
“Кӯдаконро дошта намешавад”. Андешаи сокинон дар бораи манъи идгардак
Иди саиди Қурбон муборак!
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста